Алишер Ҷалилов бинобар ҷароҳат дар марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 ба муқобили Япония ва Мянмар бозӣ намекунад
ДУШАНБЕ, 31.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бозингари дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе Алишер Ҷалилов дар ду бозии ояндаи даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 бо дастаҳои мунтахаби Япония (7 июн) ва Мянмар (15 июн) дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистонро бозӣ карда наметавонад. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Мавриди зикр аст, ки сабаби бозӣ накардани Алишер Ҷалилов ин осеб ёфтани ӯ мебошад. Варзишгар дар бозии даври ҳафтуми чемпионати Тоҷикистон бар зидди дастаи футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд захм бардошт. Ҳоло Алишер Ҷалилов дар шаҳри Қазони Федератсияи Россия курси барқарорсозии саломатӣ мегузарад. Умедворем, ки саломатии ин футболбози шинохтаи тоҷик барқарор мешаваду ӯ дар бозиҳои дар пешистода дастаи мунтахаби Тоҷикистон иштирок мекунад.
Акс аз ФФТ








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад






