Ҳамасола наздики 8 миллион нафар аз бемориҳои марбут ба тамокукашӣ мефавтанд. Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии бидуни тамоку
ДУШАНБЕ, 31.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ҳамасола дар ҷаҳон 31 май Рӯзи ҷаҳонии бидуни тамоку таҷлил мегардад. Истифодаи тамоку яке аз сабабҳои асосии беморӣ ва фавти аҳолӣ маҳсуб ёфта, ба иттилои СУТ ҳамасола қариб 8 млн. нафар аҳолии ҷаҳон аз бемориҳое, ки ба тамокукашӣ вобастаанд, ба ҳалокат мерасанд. Аз ин рӯ ба андешаи мутахассисони соҳаи тандурустӣ, агар дар ин самт тадбирҳои фаврию якҷоя андешида нашаванд, ин шумора то соли 2030 метавонад аз 10 млн нафар зиёд гардад. Ҳоло фавти аз ҳама бештар дар давлатҳои рӯ ба тараққӣ пешгӯӣ шуда, вусъати имрӯза ва ояндаи эпидемияи никотинӣ дар тамоми ҷаҳон аз зарурати қабули чораҳои байналмилалии мубориза бар зидди тамокукашӣ шаҳодат медиҳад.
Масъалаи даст кашидан аз тамоку ва ё маҳдуд намудани истеъмоли он мушкилоте мебошад, ки ҷомеаи ҷаҳонро нигарон намудааст. Ба ин хотир, соли 2005 Конвенсияи қолабии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ оид ба мубориза бо тамоку қабул гардид.
Тамокукашӣ яке аз сабабҳои асосии гирифторӣ ба ҳар гуна беморӣ ва фавти аҳолӣ буда, тибқи таҳлили мутахассисон, дар як дона тамоку зиёда аз 4 ҳазор намуд моддаҳои химиявӣ мавҷуд аст ва аз онҳо 250 намудашон зараровар ва 50 намуди дигарашон бавуҷудоварандаи бемории саратон мебошанд.
Имрӯз ҷиҳати пешгирии истифодаи маҳсулоти тамоку Ҳукумати мамлакат якчанд чораҳои муҳимро рӯи кор гирифтааст, ки барнома ва ҳуҷҷатҳои дар ин самт қабулгардида далели ин гуфтаҳо мебошанд. 2 январи соли 2018 дар таҳрири нав Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид. Қонуни мазкур ба ҳифзи солимӣ ва пешгирии бемории аҳолӣ равона шуда, истеҳсол, содироту воридот ва фурӯши маҳсулоти тамокуро дар мамлакат танзим менамояд.
Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку», кашидани ҳамаи навъи тамоку, аз ҷумла чилим, нос, инчунин сигорҳои электронӣ дар дохили муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, муассисаҳои фарҳангӣ, варзишӣ, таълимӣ, биноҳои маъмурӣ, коргоҳҳои давлатӣ ва ташкилотҳои хориҷӣ, дохили муассисаҳои хӯроки умумӣ (тарабхона, ошхона, қаҳвахона, чойхона ва ғайра), дар истироҳатгоҳҳо, меҳмонхонаҳо, дохили нақлиёти ҷамъиятӣ, истгоҳҳо, дар ҳудуди вокзалҳои роҳи оҳан, фурудгоҳҳо, майдончаҳои кӯдакон, дар даромадгоҳҳои хонаҳои бисёрошёна, лифтҳо, гузаргоҳҳои зеризаминӣ ва дигар биноҳои ҷамъиятӣ қатъиян манъ мебошад. Кашидани тамоку танҳо дар ҷойҳои махсусе, ки барои тамокукашӣ ҷудо шудаанд, иҷозат мебошад.
Ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 500 ҳазор нафар тамоку мекашанд, ки аз инҳо 78 фоизро мардон, 10 фоизро занон ва 12 фоизи дигарро наврасон ташкил медиҳанд.
СУТ хотиррасон мекунад, ки ба одамони истеъмолкунандаи маҳсулоти тамоку хавфи бемориҳои роҳи нафас, дилу рагҳо ва саратон дар пасманзари сирояти коронавирус бештар таҳдид намуда, он метавонад ба шакли вазнин гузарад.
Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»








Дар шаҳри Гулистон дар мавзуи «Занон дар меҳвари Паёми Президенти Тоҷикистон» ҳамоиш доир шуд
Дар бозору марказҳои савдои шаҳру ноҳияҳои Суғд корҳои тарғиботӣ ва омӯзишӣ гузаронида шуданд
Кумаки молиявии Раҳмон Озода Эмомалӣ ба модари Қобилҷон Алиев
Туҳфаҳои идонаи Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ноҳияи Муъминобод расонида шуданд
Ба кӯдакони ятиму бепарастори ноҳияи Шаҳритус кумак ва туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон расонида шуданд
АЗ ТОҶИКТА ТО АМИТ «ХОВАР». «Ховар» манбаи расмии иттилоот ва тарғибгари дастовардҳои соҳибистиқлолӣ аст
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба кӯдакони Мактаб-интернати ноҳияи Балҷувон расонида шуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Соли 2025 барои Тоҷикистони маҳбуб соли бобарору таърихӣ буд»
Ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ноҳияи Қубодиён туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони ноҳияи Ашт расонида шуданд
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ёрирасони №1-и шаҳри Кӯлоб расонида шуданд






