«Амонатбонк» барои сокинони аз офати табиӣ зарардидаи минтақаи Кӯлоб суратҳисоби махсус боз намуд

Май 14, 2021 09:45

ДУШАНБЕ, 14.05.2021/АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади анҷом додани амали хайрия ва расонидани кумак ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи  минтақаи Кӯлоб дар  Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» суратҳисоби махсус кушода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» иттилоъ доданд.

Хоҳишмандон, шахсону хайрхоҳу саховатманд ва эҳсонкор метавонанд кумакпулии худро ба суратҳисобҳои зерин ирсол намоянд:

бо пули миллӣ-сомонӣ: 26202972700515457000

бо рубли русӣ:  26204810800517457000

бо доллари ИМА: 26204840800516457000

Боронҳои пайдарпаи шадид ва омадани сел дар бархе аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, аз ҷумла шаҳри Кӯлоб хисороти зиёди молӣ ба бор оварда, талафоти ҷонӣ низ ба қайд гирифта шуд. Бо мақсади бартараф намудани  оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб шоми 11 май бо дастури Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, Вазири корҳои дохилӣ  Рамазон Раҳимзода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Рустам Назарзода ба маҳали аз офатҳои табиӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин ва Муъминободи вилояти Хатлон сафарбар гардиданд, то дар ҷои ҳодиса мушкилоти мардуми зарардидаро ҳал намоянд.

АКС: БДАТ «Амонатбонк»

Май 14, 2021 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ Форуми байналмилалии «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» доир мегардад
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад