Ҷавонони Кумитаи ҳифзи муҳити зист барои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар Вахш кумак расониданд

Май 24, 2021 11:53

ДУШАНБЕ, 24.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи калони ихтиёриён аз ҳисоби ҷавонон, иборат аз 40 нафар аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати  ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон дар пайи амалигардонии супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   бо мақсади кумак дар бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ ба ноҳияи Вахши вилояти Хатлон сафар намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ихтиёриёни Кумитаи ҳифзи муҳити зист барои тоза кардани манзилҳои истиқоматии сокинони  аз офати табиӣ зарардида аз лойқа ва чӯбу хиштҳо ёрии беғаразона расониданд.

Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи бориши боронҳои пай дар пайи шадид 11 -13 май дар якчанд ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ сел омад, ки дар натиҷа сабаби вайроншавии манзилҳои истиқоматӣ ва шусташавии роҳҳои мошингард гардид.

Акс аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ

Май 24, 2021 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд