Ба кормандони мақомоти шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб ва ширкатҳои туристӣ усули сохтани сомонаҳои сайёҳӣ омӯзонида шуд
ДУШАНБЕ, 11.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Усули сохтани сомонаҳои сайёҳӣ ва ҷой намудани маълумотномаи сайёҳӣ дар сомонаҳои мақомот ва шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ дар давраҳои омӯзишие, ки дар шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоби вилояти Хатлон бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ ташкил гардид, ба 40 нафар кормандони мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб ва ширкатҳои сайёҳӣ омӯзонида шуд.
Аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки давраҳои омӯзишӣ дар заминаи татбиқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар робита ба баланд бардоштани нуфуз ва ҷолибияти Тоҷикистон тавассути таблиғи мавзеъҳои сайёҳӣ дар сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ бо мақсади ҷой намудани рубрикаи сайёҳӣ дар сомонаи мақомоти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гузаронида шуданд.
Дар вилояти Хатлон инфрасохтори сайёҳӣ батадриҷ рушд намуда, 931 ёдгории таърихӣ-фарҳангӣ, бостонӣ ва монументалӣ, 106 меҳмонхона, 131 мавзеи сайёҳӣ, 138 истироҳатгоҳу осоишгоҳ, 133 тарабхона, 42 осорхона, 118 чойхона, 278 банкомати хизматрасонии бонкӣ, 60 ҳоумстей ва гестхаус, 82 мағозаи фурӯши армуғонҳо, 116 зиёратгоҳҳо, 44 боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, 27 маркази иттилоотии сайёҳӣ мавҷуданд, ки ба сайёҳон хизмат мерасонанд.
Хатлонзамин бо ёдгориҳои бостонӣ, табиати зебову водиҳои паҳновар, гиёҳҳои шифобахшу чашмасорони мусаффо, меваҳои шаҳдбор ва ҳавои форамаш дили сайёҳонро тасхир намудааст. Қариб дар ҳамаи ноҳияҳо дар мавсими баҳор сайри табиат ва зиёрати мавзеъҳои таърихии динӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Алахусус, мақбараи «Мир Саид Алии Ҳамадонӣ» дар шаҳри Кӯлоб, «Қалъаи Ҳулбук» дар ноҳияи Восеъ, оромгоҳи «Хоҷа Машҳад»-у мавзеи «Чилучорчашма» дар ноҳияи Носири Хусрав, оромгоҳи «Зайналобуддин» дар ноҳияи Дӯстӣ, мавзеи мазори «Ҳазрати Султон» дар ноҳияи Ховалинг, мавзеи шаршараи «Сарихосор» дар ноҳияи Балҷувон, мавзеи «Чилдухтарон» дар ноҳияи Муъминобод ва даҳҳо дигар мавзеъҳо таваҷҷуҳи теъдоди зиёди сайёҳони дохилию хориҷиро ҷалб намудаанд.
АКС аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ








Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Масато Канда бо имконоти таълимӣ ва инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад
Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ховалинг – минтақаи сайёҳӣ. Соли 2025 ёдгориҳои таърихиву фарҳангии ноҳияро 73 ҳазору 90 сайёҳ тамошо кардааст
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
САЙЁҲИИ МОҲИДОРӢ. Тоҷикистон бо захираҳои обӣ барои рушди сайёҳии моҳидорӣ имконияти зиёд дорад
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба Тоҷикистон 1 миллиону 784 ҳазор сайёҳ ворид гардид
Рушди ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Британияи Кабир баррасӣ гардид






