БА МАЪЛУМОТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН, КИ АЗ МЕТРОИ МОСКВА ИСТИФОДА МЕБАРАНД. Дар метрополитени пойтахти Россия роҳандозии пардохти роҳкироро тавассути низоми Face Pay ба нақша гирифтаанд

Май 14, 2021 12:59

ДУШАНБЕ, 14.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. То охири сол дар ҳамаи истгоҳҳои метрои Москва роҳандозии усули пардохти роҳкиро бо шинохти чеҳра — Face Pay ба нақша гирифта шудааст. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора «РИА Новости» бо истинод ба муовини раиси шаҳри Москва оид ба масъалаи нақлиёт Максим Ликсутов хабар дод.

«То охири сол мо мехоҳем Face Pay-ро дар ҳама истгоҳҳо бидуни истисно роҳандозӣ кунем», — иқтибос меорад Ликсутовро агентӣ.

Ӯ тазаккур дод, ки низоми Face Pay чанд моҳ аст, ки дар баъзе истгоҳҳои метро санҷида мешавад.

«Кормандон ва шарикони хизматрасонии мо, ки иштирокчиёни фокус-гурӯҳҳои тестӣ гардидаанд, иштирок мекунанд. Онҳо маълумоти биометриашонро гузошта, худро ба корти бонкӣ пайваст карданд ва ҳангоми аз турникет гузаштан пул аз корт гирифта мешавад», — шарҳ дод муовини раиси шаҳри Москва.

Ликсутов гуфт, ки ҳангоми шинохти чеҳра низом давоми якуним сония аз корти «Тройка» ё корти бонкӣ пул мегирад ва вурудро иҷозат медиҳад.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» маълум кард, тибқи принсип, хизматрасонии Face Pay монанди пардохти маъмулии харид тавассути смартфон аст, вақте ки шумо шахсияти худро дар низоми пардохт бо истифодаи шинохти чеҳра тасдиқ мекунед.

Ба гуфтаи Ликсутов, Face Pay барои мусофирон хизматрасонии дигари қулай хоҳад шуд, аммо он ҳатмӣ нахоҳад буд.

Қаблан раиси шаҳри Москва Сергей Собянин дар бораи рушди метрои зеризаминӣ ва рӯизаминӣ дар пойтахти Россия ҳарф зада буд.

                                                             АКС аз манбаъҳои боз

Май 14, 2021 12:59

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд