Баҳодур Усмонов ва Шаббос Негматуллоев барандаи медали биринҷии Чемпионати Осиё оид ба бокс шуданд
ДУШАНБЕ, 31.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ду муштзани маъруфи тоҷик Баҳодур Усмонов ва Шаббос Негматуллоев барандаи медали биринҷии Чемпионати Осиё оид ба бокс шуданд. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Қобили зикр аст, ки муҳорибаҳои ин варзишгарони шинохта дар даври нимфинали Чемпионати Осиё оид ба бокс хеле ҷолиб баргузор шуд. Баҳодур Усмонов дар вазни 60кг аз намояндаи Ҳиндустон Шива Тана, Шаббос Негматуллоев дар вазни 81кг аз варзишгари Ӯзбекистон Дилшод Рӯзметов бо қазовати доварон мағлуб гардиданд.
Баҳодур ва Шаббос бо медали биринҷӣ ва ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 2500 доллари ИМА сарфароз хоҳанд шуд. Як рӯз қабл варзишгаронамон миёни бонувон низ ду медали биринҷӣ ба даст оварданд: Миҷгона Самадова дар вазни 57кг, Шоира Зулқайнарова дар вазни 60кг.
Хотиррасон мешавем, ки Чемпионати Осиё оид ба бокс 24 май дар шаҳри Дубай оғоз шуд ва муҳорибаҳои финал, имрӯз, 31 май баргузор мешавад. Мавриди зикр аст, ки дастаҳои мунтахаби Ӯзбекистон, Қазоқистон, Муғулистон, Ҳиндустон, Эрон ва Индонезия ба даври финал роҳ ёфтанд.
Ёдрас мешавем, ки Баҳодур Усмонов ва Шаббос Негматуллоев, ки аз дастгирии молиявии Кумитаи олимпӣ бархурдоранд,Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпии Токио намояндагӣ мекунанд. Бозиҳои олимпӣ аз 23 июл то 8 августи соли равон баргузор мешавад.
АКС аз КМО Тоҷикистон








Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид






