Беш аз 10 ширкати нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон дар намоишгоҳи «UzTextile Expo» иштирок доранд
ДУШАНБЕ, 27.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. 11 ширкати нассоҷиву дӯзандагӣ ва 2 ширкати консалтингӣ аз Тоҷикистон –«Гулдастон», «Гулистони Душанбе», «KOTA Глобал», «Лидер», «Нассоҷи Хуҷанд», «Ноҳид», «Oртекс», «Раҳимов А.А.», СИ «Раҳматов», «ToҷТекс» ва «Ваҳдат Текстил», «ACT Development» ва «Business Consulting Group» давлати моро дар намоишгоҳи сеюми байналмилалии «UzTextile Expo», ки дар шаҳри Тошканд ифтитоҳ гардид, намояндагӣ менамоянд. Намоишгоҳи сеюми байналмилалии «UzTextile Expo» дар чаҳорчӯбаи Рӯзҳои ҷаҳонии нассоҷӣ созмон дода шуда, то 29 май идома меёбад.
«UzTextile Expo» намоишгоҳи байналмилалии нодир ва махсуси соҳаи нассоҷӣ ва мӯд дар Осиёи Марказӣ буда, ҳар сол аз он беш аз 9000 коршинос, соҳибкор ва тоҷир боздид менамоянд. Дар намоишгоҳ дастовардҳои соҳаи нассоҷӣ ва мӯд аз истеҳсолкунандагони пешсафи ҷаҳонӣ дар тамоми занҷираи истеҳсолот – аз нахи пахта то ба либоси омодашуда ба маъраз гузошта мешаванд. Намоишгоҳ барои дарёфти шарикон дар Ӯзбекистон- бозори калонтарини Осиёи Марказӣ бо бештар аз 34 миллион харидор мусоидат менамояд.
Мудири иҷроияи ширкати «ACT Development Group» Рустам Шодибеков мегӯяд, ки ширкатҳои мо имкон доранд дар намоишгоҳи Тошканд бо истеҳсолкунандагони пешқадами маҳсулоти нассоҷӣ аз минтақа вохӯранд, бренди худро дар бозори минтақавӣ тақвият диҳанд, бо ширкатҳои истеҳсолӣ, воридотӣ ва тоҷирон робита барқарор кунанд, бо талаботи бозор ва равандҳои ҷорӣ дар он шинос шуда, барои худ маҳсулоти нав ва навовариҳо кашф кунанд.
Ҳайати Тоҷикистон ҳамчунин имкон дорад, то аз барномаи васеи тиҷоратӣ баҳра бардорад. Дар барнома, аз ҷумла иштирок дар ҳамоиши байналмилалии нассоҷии Ӯзбекистон, вохӯриҳои сершумори тиҷоратӣ, намоишҳои мӯд, мастер-классҳо аз тарроҳони маъруф ва коршиносони соҳа ва ғайра ба нақша гирифта шудааст.
Мудири иҷроияи ширкати «ТоҷТекс» Абдурашид Абдуҳамидов изҳор дошт, ки “иштирок дар ин намоишгоҳ муфид хоҳад буд, зеро дар он мо бо харидорони эҳтимолӣ робитаҳои мустақим барқарор менамоем ва ҷуғрофиёи бозори худро ва бозори маҳсулоти хомро тавсеа мебахшем. Инчунин доир ба трендҳои замонавии соҳа иттилооти зарурӣ дастрас менамоем”.
Иштироки роҳбарону намояндагони ширкатҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ барои рақобатпазирӣ дар бозорҳои минтақавӣ, барқарор кардани робитаҳои нави тиҷоратӣ, дарёфти маълумоти нав доир ба соҳа ва талаботи бозори ҷаҳонӣ имконияти фаровон фароҳам меорад.
Аксҳо аз манбаъҳои боз








Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд






