Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон манзилҳои истиқоматии сокиноне, ки бар асари муноқишаҳо хароб шудаанд, пурра барқарор карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 03.05.2021. /АМИТ «Ховар»/. Бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ситоди корӣ ташкил гардида, манзилҳои истиқоматии сокиноне, ки бар асари муноқишаҳо хароб шудаанд, дар муддати як моҳ пурра барқарор мешаванд. Дар ин бора 3 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни машварати корӣ изҳор дошт.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, хонаҳои нафароне, ки аз даргириҳо осеб дидааст, дар фурсатҳои кутоҳтарин ба таъмир фаро гирифта мешаванд. Ҳамзамон аз тарафи давлат ба оилаҳои зарардида, захмиён ва қурбоншудагон кӯмакҳои моливу пулӣ дастрас мегардад.
Дар машварат вазъи бартарафсозии оқибатҳои даргириҳои мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ шуд. Вобаста ба ҳолати кунунии корҳо муовини раиси шаҳри Исфара Ҷаъфар Ҳайдарзода гузориш дод. Бино ба иттилои ӯ алҳол шаҳрвандоне, ки аз минтақаҳои ноамн кӯчонида шуда буданд, ба ҷойи зисти доимиашон баргардонида шуда истодаанд. Онҳое, ки манзили зисташон пурра хароб гардидааст, дар маҳалли муваққатӣ истиқомат доранд.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






