ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС: чор варзишгари тоҷик ба нимфинал роҳ ёфтанд

Май 27, 2021 10:15

ДУШАНБЕ, 27.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо натиҷагирӣ аз даврҳои муқаддамотӣ чор варзишгари тоҷик ба даври нимфинали Чемпионати Осиё оид ба бокс роҳ ёфтанд. Аз ҷумҳурии мо 11 варзишгар ба Дубай сафарбар гардидаанд, ки чор нафарашон ба нимфинал роҳ ёфтанд: Баҳодур Усмонов, Шаббос Негматуллоев, Миҷгона Самадова, Шоира Зулқайнарова. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Чемпионати Осиё оид ба бокс 24 май дар шаҳри Дубай оғоз шуд ва давоми се рӯз варзишгарон дар 20 вазн (10 вазн миёни бонувон, 10 вазн миёни мардҳо) қувва озмуда, пурзӯрҳо ба нимфинал роҳ ёфтанд.

Дар рӯзи аввал чор варзишгари мо ба ринг баромаданд ва се нафарашон пирӯз шуданд: Абдураҳмон Ёқубов дар вазни 60кг бар намояндаи Аморати Муттаҳидаи Араб Ал-Садид Саъд, Абдумалик Болтаев дар вазни 75кг бар намояндаи Қатар Валид Фаҳад, Сиёвуш Зуҳуров дар вазни +91кг бар варзишгари Қирғизистон Бекболсун Токтосун. Бахтовар Сагизов дар вазни 56кг аз варзишгари Афғонистон Маликзода шикаст хӯрд.

Рӯзи дуюм чемпиони феълии Осиё Баҳодур Усмонов дар вазни 64кг варзишгари Филиппин Пануаян Ҷон Паулро бо накаути техникӣ мағлуб намуда, ба нимфинал баромад.

Ҷасур Қурбонов дар вазни 91кг аз варзишгари Ҳиндустон Санҷит, бонувонамон Сумайя Қосимова дар вазни 51кг аз варзишгари Муғулистон Алтансегсег Лутсайхан, Руҳафзо Ҳақназарова дар вазни 54кг аз намояндаи Ҳиндустон Сакшӣ мағлуб шуданд.

Рӯзи сеюм Шаббос Негматуллоев дар вазни 81кг муҳориба карда, бар варзишгари Афғонистон Нурӣ Силаб пирӯз шуд ва ба нимфинал роҳ ёфт.

Се варзишгари дигарамон дар муҳорибаи дуюмашон мағлуб гардиданд: Абдураҳмон Ёқубов (60кг) аз варзишгари Ӯзбекистон Абдумалик Халоқов, Абдумалик Болтаев (75кг) аз намояндаи Эрон Мусавӣ Саидшоҳин ва Сиёвуш Зуҳуров (+91кг) аз варзишгари Ӯзбекистон Баҳодур Ҷалолов.

Ҳамин тариқ, чор варзишгарамон барои ҷоизаҳо муҳорибаро идома медиҳанд. Дар нимфинал 27 май Миҷгона Самадова дар вазни 57кг муқобили Ситора Турдибековаи ӯзбекистонӣ, Шоира Зулқайнарова дар вазни 60кг муқобили Ҳасанан Ҳусватун аз Индонезия, 28 май Баҳодур Усмонов дар вазни 60кг муқобили Шива Тана аз Ҳиндустон ва Шаббос Негматуллоев дар вазни 81кг муқобили Дилшод Рӯзметов аз Ӯзбекистон ба ринг мебароянд.

Ёдрас мешавем, ки бори аввал дар таърихи чемпионат ба ғолибон ҷоизапулӣ дода мешавад. Ба ғолиби ҳар вазн 10 000 доллар, барои ҷои дуюм 5000 доллар ва барои ҷои сеюм 2500 доллар тақдим мегардад.

Баҳодур Усмонов ва Шаббос Негматуллоев, ки аз дастгирии молиявии Кумитаи олимпӣ бархурдоранд, Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпии Токио намояндагӣ мекунанд.

Бозиҳои олимпӣ аз 23 июл то 8 августи соли равон баргузор мешаванд.

АКС аз КМО Тоҷикисон

Май 27, 2021 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Лигаи футболи занонаи Тоҷикистон бо иштирокчиёни мусобиқаҳо ҷаласаи васеъ доир намуд
Намояндагони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар Ассамблеяи генералии Шурои олимпии Осиё иштирок доранд
Рӯйхати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозӣ бо дастаҳои Камбоҷа ва Филиппин муайян карда шуд
Дар Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол ҳафтаи футбол ба таври бошукуҳ таҷлил карда мешавад
Дар Душанбе бозии ситораҳои футболи Тоҷикистон ва Русия баргузор мешавад
Маротибаи аввал дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба ҷудо дар мусобиқаи Grand Slam соҳиби 11 медал ва ҷойи якум гардид
Моҳи май дар Бадахшон мусобиқаи вилоятии футбол доир карда мешавад
DUSHANBE GRAND SLAM 2025. Имрӯз дар рӯзи охири мусобиқа ҷудочиён аз рӯи 5 вазн қувва меозмоянд
DUSHANBE GRAND SLAM 2025. Дар рӯзи дуюми мусобиқа ҷудочиёни Тоҷикистон 3 медал ба даст оварданд
DUSHANBE GRAND SLAM 2025. Имрӯз ҷудочиён аз рӯи 4 вазн қувва меозмоянд
DUSHANBE GRAND SLAM 2025. Дар рӯзи аввали мусобиқа ҷудочиёни Тоҷикистон 5 медал ба даст оварданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон моҳвораи футбол оғоз гардид