Дар Душанбе оид ба «Баланд бардоштани нақши мақоми шаҳрак ва деҳот дар сохтори давлатдории муосир» конфронси ҷумҳуриявӣ доир шуд

Май 26, 2021 15:48

ДУШАНБЕ, 26.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Баланд бардоштани нақши мақоми шаҳрак ва деҳот дар сохтори давлатдории муосир» конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

Дар конфронс муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Муҳаммад  Султонзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Қосим Роҳбар зикр намуд, ки дар ҳудуди мамлакат 430 адад мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар воҳиди маъмурию ҳудудии 369 адад деҳот ва 61 адад шаҳрак фаъолият мебаранд, ки дар  ҳудуди онҳо 8 млн 403 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ менамоянд.

«Идоракунии маҳаллӣ яке аз падидаҳои калидии сиёсати давлатӣ буда, нақши он дар амалишавии сиёсати умумидавлатӣ ба сифати омили муҳим арзёбӣ мешавад. Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ислоҳоти идоракунии маҳаллӣ корҳои зиёде ба анҷом расида бошанд ҳам, бо вуҷуди ин ҳоло ҳам мушкилот ба назар мерасанд, ки ҳалли онҳо барои баланд бардоштани мақоми шаҳрак ва деҳот дар сохтори давлатдории муосир мусоидат менамояд»,- гуфт мавсуф.

Муовини якуми Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода дар мавзӯи «Рушди сайёҳӣ ҳамчун манбаи афзоиши даромад дар сатҳи маҳаллӣ барои баланд бардоштани мақоми шаҳрак ва деҳот» иброз дошт, ки бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар тамоми самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ дигаргуниҳои куллӣ ба миён омада, бо ташаббуси Сарвари давлат дар қатори дигар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ дар соҳаи сайёҳӣ низ дигаргуниҳои муҳим амалӣ шуданд.

-Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои садҳо ёдгориҳои бостоншиносӣ, манзараҳои истироҳатӣ, обҳои шифобахш  ва табиати нотакрор аст, ки истифодаи оқилонаи онҳо ба рушди маҳал ва пешрафти иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд. Дар ин замина сиёсати дарҳои бози Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди илмиву фарҳангӣ барои  муаррифии Тоҷикистон ҳамчун кишвари амну осоишта ва воқеан дорои захираҳои бойи сайёҳӣ дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат намуд. Барои ҷалби сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ дар мамлакат даҳҳо иншооти фарҳангӣ бунёд гардида, шумораи сайёҳон пайваста меафзояд,- гуфт Ҳабибулло Амирбекзода.

Мақсад аз баргузории конфронси ҷумҳуриявии  «Баланд бардоштани нақши мақоми шаҳрак ва деҳот дар сохтори давлатдории муосир» шиносоии роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот аз вазъият, дастовардҳо, мушкилоти мавҷудаи фаъолияти мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва таҳияи таклифу пешниҳодот оид ба баланд бардоштани мақоми шаҳрак ва деҳот дар сохтори давлатдории муосир мебошад.

Зимни конфронс иштирокчиён вобаста ба масъалаҳои баррасишаванда табодули назар намуда, доир ба баланд бардоштани мақоми шаҳрак ва деҳот мубодилаи афкор намуданд.

Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС аз Кумитаи рушди маҳал

Май 26, 2021 15:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд