Дар Душанбе оид ба сабабҳои зӯроварӣ дар оила ва роҳҳои пешгирии он конференсияи илмӣ-амалӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 12.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила, ки 15 май таҷлил мешавад, дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода таҳти унвони “Сабабҳои зӯроварӣ дар оила ва роҳҳои пешгирӣ намудани он” бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ конференсияи илмӣ-амалӣ доир шуд.
Дар конференсия ректори донишкада, доктори илмҳои филология, профессор Ҷило Гулназарзода, судяҳои суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Нигора Назарзода, Аҳмад Бобозода, прокурори шуъбаи назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ, иқтисодӣ-оилавӣ ва маъмурии прокуратураи шаҳри Душанбе Солеҳҷон Ҳомидзода, мушовири Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Олимӣ ва дигарон ширкат доштанд.
Ректори донишкада вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила иброз дошт, ки ҳар гуна муноқиша фазои солими хонаводаро вайрон карда, боиси ба миён омадани нобоварӣ, бедоршавии ҳисси нафрат ва аз байн рафтани муҳаббату самимият мегардад.
— Бо мақсади пешгирии ҳолатҳои ногувор дар мамлакат 19 марти соли 2013 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» қабул гардид. Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила танзим намуда, вазифаи субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оиларо доир ба ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозии сабабу шароити ба он мусоидаткунанда муайян менамояд, — илова намуд ректор.
Сипас, меҳмонон дар мавзӯъҳои “Ҳамкории байниидоравӣ ҳамчун асоси маҷмӯаи пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занон ва духтарон дар муносибатҳои оилавӣ”, “Масъалаҳои зӯроварӣ дар оила мувофиқи қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои аъзои ИДМ”, “Омилҳои пайдоиши зӯроварӣ дар оила”, “Фаъолияти гурӯҳҳои кории байниидоравӣ дар пешгирии зӯроварӣ дар оила. Вазифаҳо, муваффақият ва дурнамо” ва “Зӯроварии оилавӣ” маърӯзаҳои пурмазмун карда, нуктаҳои муҳими онҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 15 май дар тамоми ҷаҳон Рӯзи байналмилалии оила таҷлил карда мешавад. Ин рӯз соли 1994 бо қарори Ассамблеяи Генералии СММ эълон гардидааст.
АКС аз ДДЗТ








Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд






