Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ба поён расиданд

Май 22, 2021 09:00

ДУШАНБЕ, 22.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дар кинотеатри «Ватан»-и пойтахт маросими пӯшидашавии Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон дар Тоҷикистон баргузор шуд. Директори киностудияи «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён ба коргардонҳои ӯзбек диплом ва туҳфаҳои арзишманд тақдим кард. Ҳайати синамогарони Ӯзбекистонро директори генералии Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Фирдавс Абдухолиқов роҳбарӣ кард, ки дар чорабинии ниҳоӣ бо нишони фахрии «Корманди шоистаи кинематографияи Тоҷикистон», ки махсус барои 90-солагии киностудияи «Тоҷикфилм» таъсис дода шудааст, мукофотонида шуд. Дар фарҷоми чорабинӣ филми ӯзбекии «Исёни арӯсон» бо коргардонии Мелис Абзалов, ки соли 1984 аз рӯи пйесаи ҳамноми Нависандаи халқии Ӯзбекистон ва Қаҳрамони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Саид Аҳмад ба навор гирифта шудааст, намоиш дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки ҳайати синамогарони Ӯзбекистон 19 май ба Душанбе омада, худи ҳамон рӯз дар Кохи Наврӯз ифтитоҳи Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон баргузор шуд, ки дар он ҷо пас аз ифтитоҳи он драмаи ҳарбии «Илҳоқ» намоиш дода шуд.

Филм дар асоси рӯйдодҳои воқеии Ҷанги дуюми ҷаҳон таҳия шудааст. Дар он дард ва ранҷу азобҳои модари беқарор — Зулфия Зокирова тасвир шудаанд, ки панҷ писарро танҳо ба воя расонида, онҳоро дар ҷанг гум кардааст.

Филм ба 75-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон бахшида шуда, дар ҳамкорӣ бо киностудияи «Беларусфилм» ба навор гирифта шудааст.

ДАР АКС: синамогарони ӯзбек ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон ташриф оварданд.

20 май дар толори нави кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров филми мустанади «Хранитель сплочённости» намоиш дода шуд. Дар кинотеатри «Зебуниссо» намоиши филми тасвирии «Волшебный сундук» баргузор гардид. Ва бегоҳии ҳамон рӯз, дар кинотеатри «Зебуниссо» тамошобинон филми «Бунт невесток»-ро тамошо карданд.

Дар доираи баргузории ин рӯзҳо сокинони Душанбе инчунин филмҳои мустанади «Под единым небом», «Душа народа», филми бадеии «Бесцветные сны» ва якчанд филмҳои дигари ҷолибро тамошо карданд.

ДАР АКС: ҳайати синамогарони Ӯзбекистон ба шабакаи телевизионии Тоҷикистон «Синамо» ташриф овард.

Дар ин рӯзҳо Меморандуми ҳамкорӣ байни киностудияҳои «Ӯзбекфилм» ва «Тоҷикфилм» ба имзо расид, ки на танҳо истеҳсоли муштараки филмҳо, балки мубодилаи кадрҳо ва тарбияи синамогарони ояндаро дар донишгоҳҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, аз ҷумла дар филиали навтаъсиси Институти кинематографияи Умумироссия дар Ӯзбекистон пешбинӣ менамояд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 22, 2021 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд