Дар Ховалинг гӯштини миллӣ дар сатҳи баланд ва бо шаҳомати хосса доир гардид

Май 17, 2021 11:04

ДУШАНБЕ, 17.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. 16 май дар мавзеи зебоманзари Чилчанори ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ, ки бо иқдом ва дастгирии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ роҳандозӣ гардида буд, дар сатҳи баланд ва бо шукӯҳи шаҳомати хос баргузор гардид.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар мусобиқаи мазкур паҳлавонон на танҳо аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ, балки аз кишварҳои Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ ширкат варзиданд.

Дар ин мавзеи хушбоду ҳаво барои тамошои ҷараёни мусобиқа ҳаводорони гӯштин бо теъдоди беш аз 50 ҳазор ҷамъ омада буданд.

Мусобиқаи гӯштини миллӣ аз қувваозмоии паҳлавонони наврасу ҷавон, писарону духтарбачаҳо оғоз ёфта, бо ҳунарнамоии паҳлавонони машҳур анҷом пазируфт.

Паҳлавонони номдори Тоҷикистон, ба монанди Темур Раҳимов, Шакармамад Мирмамадов, Хуршед Маҷидов, Фирдавс Насимов, инчунин варзишгарони маъруфи Федератсияи Россия Валерий Ендовитский, Станислав Вологидский ва Зоидҷон Ҳусейнов, Муҳсин Ҳисомиддинов аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба майдон баромада, ҳунари гӯштингирии худро нишон доданд. Махсусан қувваозмоии паҳлавони тоҷик Темур Раҳимов бо гӯштингири номвари ӯзбекистонӣ Муҳсин Ҳисомиддинов, паҳлавони рус Валерий Ендовитский бо гӯштингири дигари Ӯзбекистон Зоидҷон Ҳусейнов хеле ҷолиб сурат гирифт.

Ба ғолибон дар маросими тантанавӣ туҳфаҳои қиматнок, аз қабили мошинҳои сабукрав, шутур, гов, гӯсфанд, телевизор, мошинаи ҷомашӯӣ, қолин, маблағҳои пулӣ ва дигар ҷиҳоз тақдим карда шуданд.

Миёни паҳлавонони ғолиб аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ Шарифҷон Назриев, Абубакри Акобир ва махсусан корманди собиқадори ШВКД дар ноҳияи Ховалинг, сержанти милитсия Сафар Абдуалимов бо маҳорати баланд ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.

Барои дар сатҳи баланд доир намудани мусобиқа саҳми кормандони Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, федератсияҳои варзишии дахлдори кишвар, мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Ховалинг назаррас буд.

АКСҲО аз ВКД ҶТ

Май 17, 2021 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад