Дар МОИ «Кӯлоб» зеристгоҳи барқӣ бунёд мегардад

Май 7, 2021 08:11

ДУШАНБЕ, 07.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии /МОИ/ «Кӯлоб» зеристгоҳи барқии нав бо насби 2 трансформатор ба истифода дода мешавад. Бунёди зеристгоҳи барқӣ метавонад барои таъсиси корхонаҳои саноатӣ, таъмини субъектҳои МОИ «Кӯлоб» ва дигар истифодабарандагон бо неруи барқ заминаи устувор гузорад.

Бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи нақшаи генералӣ барои бунёди зеристгоҳи барқӣ дар ҳудуди МОИ  «Кӯлоб» аз ҷониби маъмурият як гектар замин ҷудо гардидааст.

Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз МОИ «Кӯлоб» иттилоъ доданд.

Ин тадбир дар доираи татбиқи лоиҳаи «Кам кардани талафоти неруи барқ дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтар ва таҷдиди шабакаҳои барқии шаҳри Кӯлоб»  амалӣ гардонида мешавад.

Вобаста ба бунёди зеристгоҳи барқӣ дар ҳудуди МОИ «Кӯлоб» Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон  Далер Ҷумъа  аз ҳудуди минтақаи мазкур боздид намуд. Роҳбари Маъмурияти МОИ «Кӯлоб» оид ба корҳои  анҷомёфта дар самти иҷрои корҳои сохтмонӣ, нақшаҳои дар пеш истода ва ҷалби сармоягузорони дохилию хориҷӣ вобаста ба ташкили иқтидорҳои нави истеҳсолӣ  иттилои мушаххас пешниҳод намуд. Зикр шуд, ки зимни боздиди сармоягузорону соҳибкорон ва вохӯриҳо масъалаи таъминот бо неруи барқ ҳамчун масъалаи мубрам  матраҳ мегардад.

Вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ иброз намуд, ки иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти назорати доимии роҳбарияти вазорат қарор дошта, айни замон дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳои марбута ва шарикони рушд лоиҳаи «Кам кардани талафоти неруи барқ дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтар» ба маблағи умумии 35 миллион евро ба имзо расонида шуд, ки дар доираи он бунёди зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ бо насби 2 адад трансформатори тавоноияшон 2х25000 кВА пешбинӣ гардидааст, ки ин иншоот солҳои 2021-2022 ба истифода мешавад.

Вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ ба сохторҳои дахлдори соҳа дастур дод, ки барои зудтар оғоз намудани корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур тадбирҳои иловагии таъхирнопазир андешанд.

АКСҲО: МОИ «Кӯлоб»

Май 7, 2021 08:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд