Дар ноҳияи Ёвон гурӯҳи корӣ хисороти офатҳои табииро ҳисоб мекунад

Май 14, 2021 08:42

ЁВОН, 14.05.2021. /АМИТ «Ховар»/.  Бо мақсади бартараф  сохтани оқибатҳои бориши зиёд ва омадани сел, ки  11 май дар якчанд деҳаҳои ноҳияи Ёвон ба амал омад, дар ноҳия  ситоди фаврии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон  таъсис ёфта, тадбирҳои амалӣ андешида шуда истодаанд. Дар ин бора мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ноҳияи Ёвон Файзиддин  Раҷабов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ дод.

Бар асари селбориши 11 май аҳолии деҳаҳои Даштобод, Санҷитак, Парчасой ва Қайнама аз деҳоти Обшорон, деҳаҳои Зафаробод, Навобод, Рӯдакӣ ва Фирдавсӣ аз деҳоти Ситораи Сурхи ноҳияи Ёвон хисороти молӣ диданд.

Сели пуршиддат дар қисмати шарқии деҳоти мазкур аз маҷрояш баромада, якчанд манзили истиқоматии сокинонро ба куллӣ аз байн бурд ва ба чандин хонаҳо қисман зарар расонид. Ҳамзамон сел чандин сар чорво ва моли мардумро ба коми худ кашида, дар майдонҳои  зиёди замин  кишти зироатро вайрон кард.

Чор гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо шумули масъулин ва мутахассисони ҳама соҳаҳо хона ба хонаи сокинони зарардида гашта, хисороти ин офатро ҳисоб карда истодаанд. Аъзои гурӯҳҳои корӣ дар ин рӯзҳои мушкил дар бари зарардидаҳо истода, ба онҳо кумак мерасонанд. Бо анҷом ёфтани чорабиниҳои мушаххассозии зарар ба ҳар хонаводаи маҳаллаҳои осебдида ёрии моддию молӣ дастрас карда мешавад.

Имрӯзҳо сокинони дигар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Ёвон  ба ҳамдиёрони худ  кумакҳои бедареғ расонида истодаанд.

АКС аз муаллиф

Май 14, 2021 08:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар моҳи апрел Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд