Дар шаҳри Хуҷанд Маркази омӯзишӣ – таълимӣ оид ба дӯзандагӣ ифтитоҳ гардид

Май 24, 2021 16:04

ДУШАНБЕ, 24.05.2021/АМИ «Ховар»/. Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) дар Тоҷикистон дуюмин Маркази омӯзишӣ-таълимӣ оид ба дӯзандагӣ ифтитоҳ намуд.

Маркази омӯзишӣ-таълимӣ оид ба дӯзандагӣ дар назди Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд (ДПДТТХ), ки дар ҳамкорӣ бо ин донишкада кушода шуд, шурӯъ аз имрӯз, 24-уми май дари худро ба рӯи донишомӯзон боз намуд. Ин ибтикор дар доираи Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагии МТБ амалӣ гардид, иттилоъ  медиҳад МТБ.

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ҳадаф дорад, ки бо кумаки фаннии МТБ, корхонаҳо ва иттиҳодияҳои соҳавӣ, дар мавзӯъҳои соҳавӣ маводи таълимии нав таҳия карда, маводи таълимии мавҷударо ба шароити нав мутобиқ созад.

Чунин марказ соли гузашта дар назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар ш. Душанбе низ ба фаъолият шурӯъ намуда буд. Ин марказҳо дар самти ба роҳ мондани ҳамкории беҳтару қавитар миёни соҳа ва муассисаҳои таълимӣ нақши муҳим хоҳанд бозид.

Директори ДПДТТХ Дилафрӯз Саидӣ мегӯяд, ки «дар замоне, ки фазои рақобатпазирӣ васеъ мегардад, рушди муваффақонаи ҳар соҳаеро мутахассисони соҳибтаҷриба таъмин мекунанд. Маркази омӯзишӣ-таълимӣ оид ба дӯзандагӣ, ки ба рушди соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон ва ворид кардани технологияҳои нав ҳам ба раванди таълим ва ҳам ба истеҳсолот мусоидат мекунад, алоқаи байни муассисаҳои таълимӣ ва истеҳсолотро таъмин карда, ба роҳ ёфтани маҳсулоти миллӣ ба бозорҳои нав саҳм мегузорад».

Аввалин давраи омӯзишӣ дар марказ рӯзҳои наздик оғоз мегардад. Чунин марказ соли гузашта дар назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе низ ба фаъолият шурӯъ намуда буд. Ин марказҳо дар самти ба роҳ мондани ҳамкории беҳтару қавитар миёни соҳа ва муассисаҳои таълимӣ нақши калидӣ хоҳанд бозид.

Акс аз Маркази тиҷорати байналмилалӣ.

Май 24, 2021 16:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд