Дар шаҳри Норак давраи якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ҷамъбаст шуд

Май 1, 2021 10:10

ДУШАНБЕ, 01.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Норак даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ҷамъбаст гардид, ки 21 нафар хонанда ва 18 нафар омӯзгор сазовори ҷойҳои намоён ва роҳхат ба даври дуввуми озмун шуданд.

Тавре аз хадамоти матбуоти раиси шаҳри Норак ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар даври якуми озмун аз рӯйи 7 номина: «Математика» (арифметика, алгебра, геометрия), «Физика ва астрономия», «Химия», «Биология» (ботаника, зоология, анатомия), «География», «Технологияи иттилоотӣ» ва «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ» 196 нафар хонандагон ва 28 нафар омӯзгорон иштирок намуданд.

Бояд гуфт, ки озмун аз чор давр иборат буда, аз моҳи апрел то нимаи дуюми моҳи ноябр гузаронида мешавад:

Даври якум — моҳи апрел дар муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои илмӣ ва дигар ташкилот;

Даври дуюм — моҳи май дар маркази шаҳр ва ноҳияҳо (ба истиснои шаҳри Душанбе);

Даври сеюм — нимаи дуюми моҳи сентябр дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе;

Даври чорум — даври ҷумҳуриявӣ барои ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми даври сеюм то 25 ноябр дар муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳо ва муассисаҳои таълимии сохтори Вазорати маориф ва илм.

Ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусаттор Саидов дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки «илм дар ҳар давру замон қувва ё муҳаррике ба ҳисоб меравад, ки ҷомеаи инсониро ба пеш мебарад. Эълон гардидани Озмуни ҷумҳуриявии «Илм- фуруғи маърифат» аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз ташаббусҳои наҷиб ба ҳисоб меравад, ки мо, олимон ва муҳаққиқони Академияи миллии илмҳо ин иқдомро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем».

Мавсуф зикр намуд, ки имрӯз замони илм ва техналогияи навин ба ҳисоб меравад ва ҳар кишваре, ки барои рушди минбаъдаи худ ғамхорӣ мекунад, албатта, бояд ба илм такя кунад. Зеро бе илм ҷамъият ба ҷаҳолат гирифтор мешавад. Илм қувваи истеҳсолкунандаи ҷамъият ба  ҳисоб меравад. Аз ин рӯ олимону мутафаккирон ба он мекӯшанд, ки дар ҷамъият тафаккури илмӣ бештар ташаккул ёбад.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, «имрӯзҳо дар натиҷаи рушди бемайлону босуръати илм инсоният ба корҳои азиме қодир гардидааст, яъне ҳоло инсоният кайҳонро фатҳ карда истодааст ва дар натиҷаи тадбиқи технологияи навин илми саноати ҷаҳонӣ хеле босуръат пеш меравад.  Дар баробари Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» озмуни мазкур ба дарёфти истеъдодҳои ҷавон ва ихтироъкороне равона гардидааст, ки дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ фаъолият мекунанд».

Ба гуфти мавсуф, дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои дар  сатҳи зарурӣ баргузор намудани чунин озмун корҳои зиёд анҷом дода шудаанд. Аз тарафи як гурӯҳ олимони Академияи миллии илмҳо Низомномаи озмуни мазкур таҳия карда шуда, дар сомонаҳои Академияи миллии илмҳо ва «Равшанфикр» ҷой дода шудаанд, ки иштирокчиёни озмун бевосита метавонанд бо қоида ва талаботи озмун шинос шаванд. Олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон он адабиётеро, ки барои баланд бардоштани савияи дониш дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ зарур мебошанд, дар сомонаи интернетӣ ҷой додаанд.

 АКС: хадамоти матбуоти раиси шаҳри Норак

Май 1, 2021 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИ СОМОН». Меҳмонони синамоҷоизаи миллӣ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангии тоҷикон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
«ТОҶИ СОМОН». Дар доираи синамоҷоизаи миллӣ рӯзҳои кинои Эрон, Русия, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор мегардад
«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд
Бинои нави маъмурии Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» ба истифода дода шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи фалак ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил мегардад
Тоҷикистон дар Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ соҳиби ҷойи аввал гардид