Дар шаҳру вилоятҳои Федератсияи Россия бо муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Тоҷикистон силсиламулоқотҳо ҷараён доранд

Май 27, 2021 14:44

ДУШАНБЕ, 27.05.2021. /АМИТ «Ховар»/. Масъулини Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират дар Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷиратии шаҳри Владимири Федератсияи Россия бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ мулоқот намуданд.

Тавре аз Намояндагии мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни баргузории мулоқот вобаста ба масъалаи расмикунонии муҳоҷирони меҳнатӣ, риояи қоидаҳои давлати иқомат, сари вақт иҷро намудани уҳдадориҳо дар маҳали зист ва риояи қоидаҳои буду боши муҳоҷирони меҳнатӣ дар кишвари қабулкунандаи қувваи корӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд.

Дар доираи мулоқоти мазкур барои баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва худшиносиву худогоҳии муҳоҷирони меҳнатӣ, муаррифии фарҳангу таърихи волои миллати тоҷик ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии муҳоҷирони меҳнатӣ, тоҷикони муқимӣ ва аъзои оилаҳои онҳо маслиҳату машваратҳои муфид дода шуданд.

Дар интиҳои ҳамоиш даъват ба амал оварда шуд, ки тамоми муҳоҷирони меҳнатие, ки дар минтақа фаъолият менамоянд, бояд ба фурсати муносиби қонунигардонӣ ҷалб шуда, то 15 июни соли ҷорӣ ҳуҷҷатҳои будубош ва фаъолияти меҳнатии худро қонунӣ гардонанд.

Зимни баргузории мулоқот аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ ба кормандони намояндагӣ саволҳо пешниҳод шуда, ҷавобҳои мушаххас гирифта шуданд.

Қабл аз вохӯрӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ масъулини Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо директори Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷиратии шаҳри Владимир ҷиҳати мусоидат дар расмикунонии ҳуҷҷатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуданд.

Дар доираи мулоқоти мазкур масъулини Намояндагӣ бо шароити қабули шаҳрвандон барои қонунигардонӣ аз наздик шинос гардиданд. Дар Маркази мазкур бастаи ҳуҷҷатҳои муҳоҷирон, аз ҷумла корти муҳоҷиратӣ бо тамдиди муҳлат ва қайди муҳоҷиратӣ омода гардида, баъдан муҳоҷирон аз муоинаи тиббӣ гузашта, суғуртаи тиббӣ таҳия мекунанд. Пас аз гирифтани сертификати донистани забони русӣ тамоми бастаи ҳуҷҷатҳо ба шуъбаи кор бо муҳоҷирони шаҳри Владимир барои ба расмият даровардани патент ирсол карда мешаванд.

Мавриди зикр аст, ки мулоқоту суҳбатҳои масъулини Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста дар шаҳру вилоятҳои Федератсияи Россия доир мегарданд.

Май 27, 2021 14:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд