Дар Суғд собиқадорони Ҷанги дуюми ҷаҳон ва ақибгоҳ қадрдонӣ мегарданд
ХУҶАНД, 05.05.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имсол ба ғалабаи халқи Иттиҳоди Шӯравӣ бар фашизм, ки ҳамасола 9 май чун Рӯзи Ғалаба таҷлил мегардад, 76 сол пур мешавад. Бахшида ба ин сана ва пос доштани хотираи абармардони майдони ҷанг дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон, аз ҷумла, вилояти Суғд барномаю ҳамоишҳои мухталиф ба нақша гирифта шудаанд. Аз чумла, вобаста ба ин сана қарори раиси вилоят ба тасвиб расидааст, ки тибқи он, баҳри посдории хотираи шаҳидон ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ дар қаламрави вилоят Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон ботантана таҷлил карда мешавад.
Дар ин бора муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилояти Суғд Шавкат Алиев ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Абдуахад Дадобоев иттилоъ дод.
Ҳамзамон тибки маълумоти Ш.Алиев, бо мақсади ҳифзи иҷтимоии иштирокчиёну маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳон ва ҳамсарони бесаробонмондаи сарбозони дар ин ҷанг ҳалокгардида ба ҳар яки онҳо ба маблағи 4000 сомонӣ ва ба шахсони ба ин қатор барорбаргашта, аз ҷумла нафарони дар ақибгоҳ фидокорона хизматнамуда ба маблағи 2000 сомонӣ кумакпулии яквақта тақдим карда мешавад.
Зикр гардид, ки дар доираи таҷлили Рӯзи Ғалаба гузаронидани ҳафтаи «Поси хотир» ва ташкили «Қаровули фахрӣ» аз ҳисоби хонандагони мактабҳои шаҳри Хуҷанд дар пояи ёдгории шаҳидони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, воқеъ дар мавзеи Панҷшанбеи маркази вилоят, ки айни ҳол корҳои таъмиру навсозӣ дар ин ҷо дар арафаи анҷомёбист, пешбинӣ шуда, дар муассисаҳову ташкилот барномаҳои тарбиявӣ — ватанпарастӣ низ доир мегарданд.
Тавре Шавкат Алиев тазаккур дод, давоми чанд сол аст, ки маҳз бо ташаббус ва дастгирии Ҳукумати кишвар ҳамаи иштирокчиёни ҶДҶ дар як сол ду маротиба ба хизматрасонӣ ва дорувории ройгони тиббӣ ҷалб гардида, ғайр аз ин ба онҳо аз соли 2003 инҷониб роҳхатҳо ба осоишгоҳҳои миқёси вилоят дода мешаванд.
Аз шумораи умумии иштирокчиёни набардҳои ҷанг ҷавонтарини онҳо 95-сола ва солдидатаринашон 102-сола буда, ду нафарашон ба синни 100 расидаанд. Инҳо сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов Иброҳимов Мирзоалӣ ва шаҳри Панҷакент Саид Буриев мебошанд.
Ҳоло дар вилояти Суғд 30 нафар (2020-47) иштирокчиёни набардҳои солҳои 1941-1945, 1 нафар ҳамсари бесаробонмонда ва 191 нафар (2020-283) шахсони дар ақибгоҳ хизматкарда иқомат дошта, ҳар яки онҳо ҳамарӯза аз дастгириву кумаки Сарвари давлат ва мақомоти вилоятиву шаҳрӣ бархӯрдоранд.
Акс аз бойгонӣ








Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд






