Дар Тоҷикистон 115 ширкати фарматсевтии Туркия ба қайд гирифта шудаанд

Май 27, 2021 16:10

ДУШАНБЕ, 27.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода  зимни мулоқот  бо Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмре Зекӣ Карагёл зикр намуд, ки дар Тоҷикистон 115 ширкати фарматсевтӣ ва 117 намуд маводи дорувории кишвари Туркия ба қайд гирифта шудаанд.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, соли 1996 Созишномаи ҳамкорӣ байни Вазорати тандурустии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия ба имзо расида, имрӯз ҳамкории ду кишвар дар соҳаи тандурустӣ дар марҳалаи рушд  қарор доранд.

Ҳамчунин Ҷамолиддин Абдуллозода Эмре Зекӣ Карагёлро барои ба вазифаи Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардиданаш шодбош намуда, ба фаъолияти минбаъдаи кории ӯ барору муваффақият орзу намуд.

Дар анҷоми  мулоқот ҷонибҳо доир ба сафарбарнамоии табибони тоҷик ҷиҳати гузаштан аз такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ дар Туркия, ҳамкорӣ дар самти рушди фаъолияти бахши хусусӣ, истифодаи имконияти мавҷуда ва рушди  равобити дуҷониба мубодилаи афкор намуданд

АКС аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Май 27, 2021 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд