Дар вилояти Суғд маъракаи ҷамъоварии ҳосили пилла оғоз ёфт

Май 17, 2021 16:36

ХУҶАНД, 17.05.2021. /АМИТ Ховар/.  14 май кирмакпарварони шаҳри Конибодом дар миқёси вилояти Суғд аввалин шуда, супоридани пилларо ба нуқтаҳои қабул шурӯъ намуданд. Дар рӯзи нахустин ба нуқтаҳои қабул қариб 4 тонна пиллаи хушсифат ворид гардид.

Тавре  масъулини идораи “Пилла”-и вилояти Суғд ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Абдуаҳад Шарифзода иттилоъ доданд, дар ноҳияҳои манотиқи вилояти Суғд маъракаи ҷамъоварии ҳосили пилла оғоз гардид. Соли равон кирмакпарварони вилоят азм доранд, ки бо риояи ҳамаи қоидаҳои агротехникии парвариш ва нигоҳубини кирмак ҳосили хуб ба даст оварда, дурнаморо сари вақт иҷро намоянд.
Дар ҷараёни пилласупорӣ роҳбарияти шаҳри Конибодом, намояндаи идораи “Пилла”-и вилоят ва ширкатҳои сармоягузор иштирок намуда, ба кирмакпарварони пешқадам туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

Дар мавсими имсола кирмакпарварони шаҳр дар ҳудуди ҳамаи 6 ҷамоати деҳот бо риояи қоидаҳои агротехникӣ парвариши 1160 қуттӣ тухмии кирмакро ба роҳ монда, азм доранд дар муҳлатҳои муайяншуда аз иҷрои нақшаи пилласупорӣ мужда расонанд.

АКС: аз муаллиф

Май 17, 2021 16:36

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд