Даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд оғоз гардид

Май 12, 2021 11:15

ДУШАНБЕ, 12.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар 18 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» оғоз мегардад. Дар ин бора сардори Раёсати фарҳанги вилояти Суғд Бахтиёр Қосимов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Мавсуф зикр намуд, ки баргузории озмуни мазкур тибқи Низомнома ҷараён гирифта, ҳайати ҳакамон аз масъулони бахши фарҳанг ва фарҳангшиносони вилояту ноҳияҳо иборат мебошад. Теъдоди иштирокчиён пурра муайян нагардидааст, зеро номнависии довталабон рӯз то рӯз бештар мешавад. Танҳо ҳаминро метавон гуфт, ки шумораи иштирокдорон нисбат ба соли гузашта бештар мебошад.

Ҳамчунин зикр намуд, ки дар озмуни имсола аз рӯйи раддабандии синнусолӣ (барои иштирокчиёни гурӯҳи касбӣ) ба таври зайл тақсим гардидааст:  аз 12 то 17- сола ва   аз 18 то 40-сола. Аз ин рӯ ҳайати  ҳакамон низ ба ду гурӯҳ ҷудо гардидаанд.

Бояд гуфт, ки даври аввали озмуни мазкур аз 17 май дар 25 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва аз 20 май дар 13 шаҳру минтақаи Бадахшон оғоз мегардад.

Тавре дар Низомномаи озмун омадааст:

«Озмуни мазкур дар се давр гузаронида мешавад:

— даври якум — моҳи  май-июни соли 2021 дар маркази шаҳру ноҳияҳо;

— даври дуюм — моҳи июл – нимаи аввали моҳи августи соли 2021 дар марказҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Рашт;

— даври сеюм — то 16 ноябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, бо супоридани ҷоизаву дипломҳо ҷамъбаст мешавад».

Ёдовар мешавем, ки корҳои ташкилӣ барои баргузор кардани даври якум ва дуюми озмун ба зиммаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Рашт вогузор гардидааст.

Май 12, 2021 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд