Фаъолияти волонтёрӣ- мактаби муҳими ташаккули ҷавонон. Бардошт аз мулоқоти Пешвои миллат бо насли ояндасози Тоҷикистон

Май 30, 2021 08:28

ДУШАНБЕ, 30.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи ҷавонон ва беҳдошти вазъи ҳаёт ва фаъолияти онҳо ҳамчун масъалаи меҳварӣ дар фаъолияти давлат ва Ҳукумати кишвар қарор дорад. Бо назардошти муҳимияти ин масъала, афзал шуморидани саҳми ҷавонон шурӯъ аз соли 1994 пайваста мулоқотҳои судманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонон баргузор мешаванд.

Дар ин бора муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза АҲМАДЗОДА ба хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳори андеша намуд.

Дар зер андешаҳои пурраи муаллиф манзур мешаванд.

Пешвои муаззами миллат зимни мулоқоташон бо ҷавонони мамлакат, ки дар арафаи таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатӣ — 21 май дар толори барҳавои Кохи “Борбад” доир гардид, паҳлуҳои мубрами марбути ҳаёт ва фаъолияти ҷавононро таҳлил намуда, бо таъкиди имконияти мавҷуда танҳо талқини рӯй овардан ба омӯзиши илм, забондониву рушди малакаҳои касбӣ, ҳушёрии сиёсӣ, донишу маърифати баланд, одобу ахлоқи шоиста, донистани таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти давлатӣ мулоқоти судмандро анҷом доданд.

Дар баробари мавриди таҳлилу пешниҳоди дурнамо қарор додани ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷавонон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеаи имрӯза -тақвият ва рушди фаъолияти волонтёрӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.

Тақвияти фаъолияти волонтёриро ба хотири иттиҳоду ҳамбастагии ҷавонон ҷиҳати анҷом додани амалҳои хайрхоҳона, корҳои тозагиву созандагӣ, кумак ба шахсони ниёзманду пиронсол дар шароити имрӯза афзал шуморида, ин тадбирҳоро  барои худи волонтёрон мактаби муҳими худташаккулёбӣ ҳисобиданд.

Зеро таҷрибаи ҷаҳонӣ гувоҳи он аст, ки накӯкорӣ ва анҷоми амалҳои хайр ҷиҳати тарбияи шаҳрвандон дар рўҳияи меҳнатдўстӣ, эҳтироми якдигарӣ, масъулиятшиносӣ, поквиҷдонӣ ва муттаҳидӣ заминаҳои мусоид фароҳам меоранд. Ҳадафи асосии фаъолияти волонтёрӣ иҷрои корҳои хайриявӣ, бардошти таҷрибаи иҷтимоӣ барои шаҳрвандон, тавсеаи рушди шахсият, омўхтани таҷрибаи кор аз рўи ихтисоси интихобнамуда ва имкони шинохти худ дар ҷомеа мебошад.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, фаъолияти волонтёрӣ -ин майдони оғози рушди касбии ҷавонон аст, ки робитаи ҷамъиятиашонро тавсеа медиҳад. Агар ба таърихи пурғановати халқамон назар афканем, дар он низ ризокориро зиёд мувоҷеҳ мегардем. Дар гузашта миёни мардуми мо шаклҳои ҳаракати волонтёрӣ, ба мисли ҳашар вуҷуд доштанд. Кумак расонидан ва иҷрои корҳои ҷамъиятӣ аз қадим ба нафъи мардум буд, ки тавассути ин фаъолиятҳо бо ҳашар хона месохтанд, пулҳо бунёд менамуданд, дасти ҳамдигар мегирифтанд ва дигар мушкилоти худро бартараф мекарданд.

Аҳамияти ин амалҳо дар он буд, ки кореро, ки як нафар наметавонад дар танҳоӣ анҷом диҳад, мардум дастаҷамъона бо роҳи ҳашар дар муддати хеле кўтоҳ иҷро мекарданд. Ва ин таҷрибаи гирифтани дасти ҳамдигар ва интихоби роҳи  бунёд кардану кумак намудан дар замири насли ҷавони кишвар низ имрӯз тарбият ёфтааст, ки онҳо бо фаъолияти волонтёрӣ машғул мебошанд.

Бояд зикр намоем, ки бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти волонтерӣ” аз 19 сентябри соли 2013 ин самти фаъолияти ҷамъиятӣ рушд намуда, айни замон дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва сохторҳои маҳаллии он ҳазорҳо нафар ҷавонон ба ҳайси волонтёр фаъолият намуда истодаанд.

Танҳо дар солҳои 2019 – 2020  аз ҷониби волонтёрон 11297 адад чорабинӣ ва корҳои хайри ҷамъиятӣ бо фарогирии 110 939 нафар ҷавонон амалӣ гардидаанд.

Дар робита ба ин волонтёрони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо шумули 10 000 нафар дар сатҳи ҷумҳурӣ дар қисматҳои ташкилии баргузории маъракаҳои муҳими сиёсӣ соли 2020 ҷиҳати саҳмгузорӣ дар самтҳои гуногун, аз ҷумла, барўйхатгирии интихобкунандагон, тақсими маводи иттилоотӣ, мусоидат дар баргузории суҳбату вохўриҳо бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, иттилоотонии интихобкунандагон аз қонунгузории кишвар дар бораи интихобот, ҳамроҳии мушоҳидони байналмилалӣ, кумак расонидан дар участкаҳои интихоботӣ ба пиронсолон ва шахсони имконияташон маҳдуд омода карда шуда, инчунин 500 нафар волонтёрони донандаи хуби забони англисӣ ва русӣ барои бевосита ҳамроҳӣ намудани мушоҳидони байналмилалӣ аз курсҳои омӯзишӣ гузаронида шуда, пурра омода карда шуда буданд, ки зимни бриффинг аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ сазовори баҳои муносиб гардиданд.

Дилноза Аҳмадзода  мегӯяд, ки дар ин замина дастури Пешвои муаззами миллат зимни мулоқоташон бо ҷавонони мамлакат 21 майи соли 2021 вобаста ба таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани “Барномаи рушди фаъолияти волонтёрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2025” тадбири бениҳоят муҳим ва сари вақтӣ буда, барои муайян намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти волонтёрӣ, роҳҳои рушд ва ҷалби бештари ҷавонон ба ин фаъолият баҳри боз ҳам ободу зебо гардонидани ватани азизамон, дастгирӣ ва кумак ба камбизоатону пиронсолон, ашхоси ниёзманд ва дигар корҳои хайри ҷамъиятӣ заминаи қавӣ мегузорад.

Май 30, 2021 08:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ба ҳайати Комиссияи панаврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ оид ба масъалаҳои иқлим ва тандурустӣ дохил шуд
Оилаи Саидвалӣ Тоиров аз ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи озмуни «Оилаи беҳтарин» гардид
«ОИЛА-МАКОНИ МЕҲРУ САДОҚАТ». Таҳти чунин унвон ҳамоиш доир шуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА. Бунёди ҷомеаи солим ва тарбияи насли ояндасоз яке аз масъалаҳои муҳими оила аст
Дар Душанбе Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи беҳтарин» ҷамъбаст карда мешавад
ОГОҲӢ. Дар Тоҷикистон то 17 май ҳарорати ҳаво баланд мешавад
Оила — ҷоест, ки дар он ҳама аъзои хонавода эҳсоси оромиш, амният ва ишқ намоянд. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии оила
Дар Шанхай вохӯрии роҳбарони сохторҳои минтақавӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодаи минтақаҳои наздимарзии давлатҳои аъзои СҲШ доир гардид
Даври ҷумҳуриявии Фестивал-озмуни «Беҳтарин армуғон» ҷамъбаст гардид
Нахустин маротиба дар Тоҷикистон амалиёти ҷарроҳӣ бе буриш аз даҳон гузаронида шуд
Дар шаҳри Хуҷанд Рӯзи байналмилалии оила таҷлил карда шуд
Муассисаҳои тиббии Тоҷикистон бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд