ФУТБОЛ. 29 май дар Шарҷа бозии дӯстонаи дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Тайланд баргузор мегардад

Май 26, 2021 09:10

ДУШАНБЕ, 26.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби  Тоҷикистон оид ба футбол бозии навбатии дӯстонаашро дар доираи омодагӣ ба бозиҳои ҷамъбастии интихобӣ ба Чемпионати ҷаҳон-2022 29 май доир мекунад. Дар ин рӯз шогирдони Усмон Тошев дар Варзишгоҳи Халид ибни Муҳаммад дар Шарҷа (АМА) ба муқобили  дастаи мунтахаби  Тайланд бозӣ мекунанд. Вохӯрии дастаҳо соати 21:45 бо вақти Душанбе оғоз мешавад. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад. 

24 май аввалин  бозии дӯстонаи дастаи   мунтахаби футболи Тоҷикистон  бо дастаи мунтахаби Ироқ дар Варзишгоҳи   «Ал-Файҳ»-и Ироқ хеле ҷолиб баргузор гардида, бо ҳисоби мусовӣ — 0:0 анҷом  ёфта буд.

Ҳарду даста  дар аввалин бозии дӯстонаи худ барои задани гол хеле кӯшиш карданд, аммо натавонистанд ба дарвозаи якдигар тӯб ворид намоянд. Ҳамин тавр, ин рақобати ҷолиб  бидуни гол хотима ёфт.

Ин бори дуюм аст,  ки дастаҳои мунтахаби  Ироқ ва Тоҷикистон байни ҳам вомехӯранд. Дар бозии аввал, ки 3 августи соли 1999 дар доираи мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2000 дар шаҳри  Душанбе  сурат гирифта буд, дастаи мунтахаби Ироқ бо ҳисоби 2:1 ғалаба карда буд. Голи дастаи мунтахаби  Тоҷикистонро он вақт Тоҳир Муъминов ба нишон расонида  буд.

Бозии рафиқона

Ироқ – Тоҷикистон – 0:0

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Ваҳдат Ханонов, Давронҷон Эргашев, Аҳтам Назаров, Манучеҳр Сафаров, Абдулмуъмин Забиров (Зоир Ҷӯрабоев, 46), Муҳаммадҷон Раҳимов (Нуриддин Ҳамроқулов, 59), Эҳсони Панҷшанбе, Комрон Турсунов (Илҳом Баротов, 82), Шериддин Бобоев, Рустам Соиров.

Май 26, 2021 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд