ФУТБОЛ. Имрӯз дастаҳои «Хуҷанд» бо «Олой» ва «Равшан» бо «Дордой» бозӣ мекунанд

Май 20, 2021 09:19

ДУШАНБЕ, 20.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз,  20  май бозиҳои даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2021 дар минтақаи Марказӣ баргузор мешаванд. Дар шаҳри  Душанбе дастаи футболи  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо дастаи  «Олой»-и Қирғизистон ва дар шаҳри  Бишкек дастаи футболи  «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб  бо дастаи  «Дордой»-и Қирғизистон бозӣ мекунанд.  Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

 Дар бозии  даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2021 дар минтақаи Марказӣ дар гурӯҳи «F» дастаи футболи  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд  аз дастаи   «Насаф»-и Ӯзбекистон бо ҳисоби 0:3 мағлуб гардид. Ин бозӣ 17 май дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор шуд. Дар бозии дигари гурӯҳ дастаи  «Олтин Асир»-и Туркманистон бар дастаи футболи  «Олой»-и Қирғизистон бо ҳисоби 5:4 пирӯз шуд.

Дар гурӯҳи «Е» дар шаҳри  Бишкек дастаи футболи  «Аҳал»-и Туркманистон дастаи  «Дордой»-и Қирғизистонро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. Ҳамин тариқ, новобаста ба натиҷаи бозиҳои даври сеюм дар гурӯҳи «Е» дастаи «Аҳал»-и Туркманистон бо 6 хол ғолиб шуд. Дар гурӯҳи «F» дастаи «Насаф»-и Ӯзбекистон  бо 6 хол, «Олтин Асир»-и Туркманистон бо 4 хол дар ҷойҳои якуму дуюм мавқеъ доранд ва барои ғолиби гурӯҳ шудан дар даври сеюм  бо ҳам вомехӯранд.

Ҷоми КФО-2021
Минтақаи Марказӣ

Гурӯҳи «F». 2-юм давр
«Хуҷанд» (Тоҷикистон) – «Насаф» (Ӯзбекистон) — 0:3
Голҳо: Акмал Мозговой, 10 (0:1). Ҳусниддин Алиқулов, 42 (0:2). Шерзод Насруллоев, 45+1 (0:3).

«Олой» (Қирғизистон) – «Олтин Асир» — 4:5

Голҳо: Ойбек Абдуғафоров, 2 (0:1). Айдар Мамбеталиев, 29 (1:1). Алтимурод Аннадурдиев, 41 – аз пеналтӣ (1:2). Вазиргелдӣ Илёсов, 44 (1:3). Михаил Титов, 48 (1:4). Гуйчмурат Аннақулиев, 72 (2:4). Фурқат Турсунов, 84 (3:4). Адилет Нурлан, 90 (4:4). Алтимурод Аннадурдиев, 90+3 – аз пеналтӣ (4:5)

 Б  Ғ  М  Б  Т-Т  Х
 1  «Насаф» (Ӯзбекистон)  2  2  0  0  7-0  6
 2  «Олтин Асир»(Туркманистон)  2  1  1  0  7-6  4
 3  «Хуҷанд» (Тоҷикистон)  2  0  1  0  2-5  1
 4  «Олой» (Қирғизистон)  2  0  0  2  4-9  0

Бозиҳои оянда:

3-юм давр
20 май (панҷшанбе)
17:00. «Насаф» (Ӯзбекистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон)
21:05. «Хуҷанд» (Тоҷикистон)– «Олой» (Қирғизистон)

Гурӯҳи «Е». 2-юм давр
«Дордой»-и Қирғизистон – «Аҳал» (Туркманистон) – 0:2
Голҳо: Александ Мишченко, 7 (0:1). Элман Тагаев, 78 (0:2).

 Б  Ғ  М  Б  Т-Т  Х
 1  «Аҳал» (Туркманистон)  2  2  0  0  5-1  6
 2  «Равшан» (Тоҷикистон)  1  0  0  1  1-3  0
 3  «Дордой» (Қирғизистон)  1  0  0  1  0-2  0

Бозиҳои оянда:
3-юм давр
20 май (панҷшанбе)
19:00. «Дордой» (Қирғизистон) – «Равшан» (Тоҷикистон)

                                                                                               АКС аз ФФТ

Май 20, 2021 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад