Имрӯз-Рӯзи байналмилалии кайҳон. Олимони Институти астрофизикаи АМИТ ба дастовардҳои комили илмӣ ноил гардиданд

Май 21, 2021 16:11

ДУШАНБЕ, 21.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. 21 май дар тамоми ҷаҳон Рӯзи байналмилалии кайҳон таҷлил мешавад. Дар Тоҷикистон  одатан, дар ин рӯз дар осмоннамоҳо (планетарияҳо) ва расадхонаҳо вохӯриҳои мавзӯӣ, семинарҳо ва дигар барномаҳои маърифатӣ-фароғатӣ баргузор мешаванд.

Дар ин робита  директори Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) Гулчеҳра Қоҳирова  ба хабарнигори АМИТ “Ховар” иброз намуд, ки дар маҷмӯъ, дар мамлакат се расадхона –расадхонаи астрономии Ҳисор, расадхонаи астрономии байналмилалии Санглох ва расадхонаи “30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” дар ноҳияи  Мурғоби ВМКБ мавҷуд мебошанд.

Иншооти беназири дигар дар қаламрави Тоҷикистон маҷмааи оптималӣ-электронии Россия бо номи  маҷмааи “Окно»  (дар наздикии шаҳри Норак, дар баландии 2216 м аз сатҳи баҳр ҷойгир аст) мебошад, ки  барои назорати фазои кайҳон тавассути телескопҳо фаъолият мекунад. Маҷмаа имкон медиҳад, ки ашёи кайҳонии аз як метр калон дар масофаи зиёда аз 50 ҳазор километр муайян карда шаванд.

Инчунин директори пажуҳишгоҳ зикр кард, ки  расадхонаи Санглох (2300 м аз сатҳи баҳр) бо таҷҳизоти беназири баландсифати астрономӣ муҷаҳҳаз аст ва кормандони Институти астрофизикаи АМИТ дар ин расадхона кашфиёти зиёде кардаанд. Яке аз калонтарини дастовард- ин мушоҳидаҳои кометаи Ҳаллей дар соли 1985 мебошанд. Тасвир имкон дод, ки масири оптималии вохӯрӣ бо ин ҷисми кайҳонии миссияҳои “Вега-1» ва «Вега-2» ҳисоб карда шаванд.

-Дар замони соҳибистиқлолӣ,-гуфт Гулчеҳра Қоҳирова,- ин расадхона хеле фаъол буда, дастовардҳои мубрами илми астрономия дар ин даврон,  хусусан ҷирмҳои хурди системаи Офтобӣ, аз ҷумла кометаҳо астероидҳо ва метеороидҳо кашф карда шуданд. Расадхона боз ба як даври эҳёи таҳқиқоти ситораҳои фавқулнав оғоз кард.

“Дар тӯли се сол олимони Институти астрофизикаи АМИТ ба дастовардҳои комили илмӣ ноил гардиданд. Яке аз онҳо ин аст, ки тибқи мушоҳидаҳо ва коркарди онҳо ситораҳои нав мунтазам ба қайд гирифта шуда, таҳқиқ мегарданд. Ин натиҷаҳо барои таҳлил ва таҳаввули ситораҳо хеле муҳим мебошанд, инчунин барои масъалаи пайдоиши коинот низ хусусияти бунёдӣ доранд”,-афзуд директор.

Ёдовар мешавем, ки қадамҳои аввалин ва дастовардҳо дар роҳи фатҳи кайҳон аз тарафи инсон аз 4 октябри соли 1957 шурӯъ шудаанд. Дар ин рӯзи таърихӣ ба мадор аввалин радифи маснӯи Замин бароварда шуд, ки аз тарафи ИҶШC амалӣ гардид. Ин радиф 86,3 кг вазн дошт. Аввалин «парасту»-и кайҳонӣ атмосфераро гузашта, ба фазои назди Замин асбоби илмӣ ва радиодастгоҳҳоро мебарорад. Онҳо ба Замин аз кайҳон маълумоти аввалинро оид ба ҷирмҳои фазои Заминро иҳотакунанда доданд. Сигнали аввалине, ки ин радиф ба Замин фиристода буд, шакли «биб-биб» дошта, дар тамоми ҷаҳон маъруфияти хосса ба даст овард. Радифи аввалин дар гирди Замин аз рӯи мадори эллиптикӣ ба ҳаракат шурӯъ кард. Нуқтаҳои канории ҳаракати радиф (апогей ва перигей) мувофиқан 947 ва 228 км-ро ташкил медоданд. Моилии ҳамвории мадор ба экватор 65°-ро ташкил медод, ки гардиши аввалини худро дар муддати 1 соату 36,2 дақиқа амалӣ карда, давоми як шабонарӯз тақрибан 15 маротиба тоб хӯрд.

Гуфтан мумкин аст, ки илми кайҳоннавардӣ ва парвоз ба кайҳон яке аз воситаҳои муҳими омӯзиши коинот, Замин, Системаи Офтобӣ ва умуман инсон мебошад. Рӯз то рӯз истифодаи дастовардҳои кайҳоннавардӣ дар ҳаёти ҳаррӯзаамон васеъ гашта, имконияти худро тавассути онҳо инкишоф медиҳем ва табиатро тобеи худ мегардонем.  Мавриди зикр аст, ки  пешгӯии обу ҳаво, навигатсия, наҷоти одамон ва ҷангалзор, телевизиону радио, алоқаи моҳвораӣ ва интернет технологияҳои пешқадами замони муосир мебошанд, ки бо шарофати парвозҳои кайҳонӣ ба мо даст додаанд.

Ногуфта намонад, ки Тоҷикистонро бо кайҳон насби парчами давлатӣ мепайвандад, ки онро фармондеҳи киштии кайҳонии Союз ТМА-5 ва бортинженери 10-умин экспедитсия ба Истгоҳи байналмилалии кайҳонӣ, шаҳрванди Қирғизистон Солиҷон Шарифов ҳангоми парвоз дар солҳои 2004-2005 парафшон карда буд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонӣ

Май 21, 2021 16:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Наваскарони қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон савганди садоқат ёд намуданд
Дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам» даври сеюми Фестивал-озмуни «Беҳтарин армуғон» баргузор мешавад
Дар Хатлон ба иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ туҳфаҳои моддию молиявӣ тақдим карда шуд
Зулфиқор Гулаҳмадзода: «Ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон бояд ба тарзи бефосила, бетанаффус ва доимӣ машғул шавем»
ҲИФЗИ ВАТАН ВА ҲИМОЯИ ҲАЁТИ ОСОИШТАИ МАРДУМ. Ин амал барои ҳар шаҳрванди огоҳу соҳибватан вазифаи муқаддас аст
Дар Душанбе чорабинии сиёсӣ – фарҳангӣ таҳти унвони «Фарзанди Тоҷикистонам!» доир карда шуд
ГУЛЕ, КИ ТАРБИЯТ АЗ ДАСТИ БОҒБОН НАГИРИФТ. Чаро баъзе аз падару модарон ба таълиму тарбияи фарзандон беаҳамиятӣ зоҳир мекунанд?
Президенти Тоҷикистон: «50 фоизи аҳолии қобили меҳнати Тоҷикистон ба Ҷанги дуюми ҷаҳон ҷалб шуда буд»
Дар Душанбе пайвастшавии 3300 иншоот ба шабакаҳои гармдиҳӣ ба нақша гирифта шудааст
Дар Хатлон бо иштироки 25 оилаи намунавӣ даври вилоятии озмуни «Оилаи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ 55 нафар афсарону сарбозони тоҷик ба унвони баланди «Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ» мушарраф гардиданд»
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон ба ду иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар Ҳисор расонида шуд