Иштирокчиёни ҶДҶ дар Ҳисору Турсунзода ва шаҳри Норак аз кумакҳои Пешвои миллат баҳраманд шуданд

Май 7, 2021 10:08

ҲИСОР, 07.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба шарафи 76-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои 1941-1945 чун анъанаи неки ҳарсола дар асоси дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндагони ваколатдор дар ҳайати Сардори раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳлиддин Маҷидзода ва намояндагони Мақомоти иҷроияи Турсунзодаю Ҳисор бо мақсади аёдат ва дидорбинӣ ба манзилҳои истиқоматии иштирокчиёни ҶДҶ дар шаҳрҳои  Ҳисору Турсунзода рафтанд.

Гурӯҳи корӣ  аз аҳволи иштирокчиёни ҷанг пурсон шуда, табрикоти Пешвои миллатро ба самъашон расониданд ва ба маблағи 10 000 сомонӣ ба ҳар яке бо дастагулҳои зебо аз номи Президенти кишвар туҳфаҳои пулӣ тақдим намуданд. Инчунин аз тарафи мақомоти иҷроия барои ҳар кадоме туҳфапулӣ тақдим карда шуд.

Собиқадорони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ барои дастгирии навбатӣ ба Ҳукумати мамлакат арзи сипос намуда, ҷиҳати шукуфоӣ ва фардои дурахшони Ватан дуои хайр намуданд.

 Ҳамзамон дар арафаи ҷашни зафар намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Одинашоҳ Вализода ва раиси шаҳри Норак Дилшод Асозода ба манзили иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Малах Гулов  ба шаҳри Норак рафта, мавсуфро бо фарорасии 76-умин солгарди Рӯзи Ғалаба табрику таҳният гуфтанд ва барояш сиҳатмандии комил ва  хотири ҷамъу осуда таманно намуданд.

Тибқи иттилои роҳбари Хадамоти матбуоти раиси шаҳри Норак Алимурод Исмоилзода, ба аёдатшуда кумакпулии якдафъаинаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маблағи 10000 сомонӣ, кумакпулии раиси вилояти Хатлон ба маблағи 2500 сомонӣ ва кумакпулии раиси шаҳри Норак ба маблағи 1500 сомонӣ тақдим карда шуд.

Иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонии аз ин таваҷҷуҳу ғамхорӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан ба Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос намуда, дар ҳаққи давлату миллат ва мардуми сарбаланди кишвар дуои нек карданд.

Бояд гуфт, ки дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ беш аз 300 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон дар муҳорибаҳои шадид иштирок намуда, 92 ҳазор нафари онҳо барои дифои Ватан дар майдони ҷанг далерона ҷон супурданд. 58 ҳазор нафар барои шуҷоату далерӣ бо нишону орденҳои давлатӣ ва 54 нафар бо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравиро сазовор гардидаанд.

АКСҲО аз мақомоти иҷроияи ҳокимиятҳои давлатии Турсунзода, Ҳисор ва шаҳри Норак

Май 7, 2021 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷойгоҳи зан дар ҷомеа ва нақши оила дар таҳқими арзишҳои иҷтимоӣ баррасӣ гардид
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД. Дар ноҳияи Фирдавсӣ чорабинии сиёсӣ — фарҳангӣ доир гардид
«ҲИКМАТИ МОДАР». Бо мақсади арҷгузорӣ ба мақому манзалати Зан – Модар иқдоми ҷумҳуриявӣ оғоз гардид
Дар Душанбе ҳамоиши «Занону модарони тоҷик- нигини пурҷилои тоҷи миллат» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон ҳавои моҳи аввали фасли баҳор чӣ гуна мешавад?
Наврӯз дар Тоҷикистон 20 март фаро мерасад
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Барномаи сиёсӣ-фарҳангии аъзои ҳизби пойтахт баргузор гардид
Аз 4 то 7 март дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
ПОЙТАХТ — ОИНАИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ. Чаро бархе сокинон нисбат ба иншооти сохташуда беэътиноӣ зоҳир мекунанд?
Дар фасли баҳор кадом бемориҳо авҷ мегиранд?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Фаромӯшхотирӣ дар калонсолон ба тағйироти синнусолӣ вобаста аст
1 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ИММУНИТЕТ. Он системаи муҳофизатии организм маҳсуб мешавад