ИСТИРОҲАТИ ТОБИСТОНА ФАРО МЕРАСАД. Имсол 2571 фароғатгоҳ кӯдаконро ба оғӯш мегиранд
ДУШАНБЕ, 24.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. То анҷоми соли хониши 2020-2021 рӯзҳои башумор боқӣ монда, соли равон барои муташаккилона гузаронидани истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон тақрибан 2571 истироҳатгоҳ пешбинӣ шудааст. Дар мавсими имсола дар лагерҳои алоҳида то 3 баст истироҳати кӯдакону наврасон ба нақша гирифта шуда, дар маҷмӯъ зиёда аз 200 ҳазор нафар кӯдакону наврасон аз ҳисоби маблағҳои ҷудонамудаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маблағҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо, иттифоқҳои касаба, корхонаву муассисаҳо, ташкилоти сарпарастон ба истироҳату солимгардонӣ фаро гирифта мешаванд.
Тавре аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иброз доштанд, ҳар сол дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар сатҳи ҷумҳурӣ ташкил карда мешавад.
“Соли 2020 вобаста ба пайдоиш ва паҳншавии сирояти коронавируси КОВИД-19 дар ҷумҳурӣ ин гуна истироҳат мавқуф гузошта шуд. Бо назардошти ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва таҳти назорати қатъии санитарию эпидемиологӣ қарор доштани ҳудуди санитарии кишвар аз воридот ва эҳтимолияти пайдошавии ҳодисаҳои нави сироят, дар асоси омӯзишҳои ҳамаҷониба, инчунин вобаста ба иҷрои муқаррароти қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2021” аз 27 марти соли 2021 бо назардошти дар истироҳатгоҳҳо пешбинӣ намудани таъмини талаботи беҳдоштию зиддиэпидемикӣ, мавҷуд будани нуқтаи тиббӣ, аз ҷониби роҳбарияти муассисаҳои истироҳатӣ гирифтани хулосаи зарурии мусбати мақомоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии ҳудуди маъмурӣ, ташкили муоинаи тиббии ҳайати кормандон ва хизматрасони истироҳатгоҳҳо бо назардошти озмоиши вирусологӣ нисбат ба сирояти КОВИД-19 барои ҳайати кормандон ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон мувофиқи мақсад дониста шуд”,-афзуд манбаъ.
Айни ҳол аз ҷониби ташкилоти Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ҷиҳати ташкил ва гузаронидани истироҳати тобистона ва солимгардонии кӯдакону наврасон дар соли 2021 омодагиҳо вусъат меёбанд.
Дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ вазорату идораҳо ва ташкилоти муттасаддӣ бояд бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар мавсими тобистонаи имсола тадбирҳои зарурӣ андешида, ба фарогирии кӯдакону наврасони ятиму бепарастор, кӯдакон аз оилаҳои камбизоат, кӯдакони қобилиятнок, кӯдакони кормандони соҳаи кишоварзӣ ва кӯдаконе, ки дар муассисаҳои давлатии таълимии мактаб-интернатҳои вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо таҳти таъминоти давлат қарор доранд, ба истироҳату солимгардонӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.
АКС аз ФИКМТ








Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд






