Мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии нави ФИФА муайян шуд

Май 27, 2021 14:28

ДУШАНБЕ, 27.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 27 май Федератсияи байналмилалии футбол   рейтинги нави худро нашр намуд, ки тибқи он дастаи  мунтахаби Тоҷикистон мавқеашро иваз накарда, бо касби 1151.1 имтиёз дар зинаи 121-ум қарор гирифт. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар байни кишварҳои Осиё аз ҳама натиҷаи беҳтарро дастаи мунтахаби Япония дорад, ки бо касби 1509.34 хол дар зинаи 28-уми раддабандӣ қарор дорад. Дар раддабандии КФО дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҷои 22-юм ҷой дорад. Дар феҳристи раддабандии ҷадиди ФИФА дастаи мунтахаби   Белгия бо 1783.38 имтиёз дар зинаи якум, дастаҳои  мунтахаби  Франсия бо 1757.3 имтиёз дар ҷойи дуюм ва Бразилия бо 1742.65 имтиёз дар ҷойи сеюм қарор доранд.

Топ-10 рейтинги ФИФА дар айни ҳол ба таври зайл аст:

  1. Белгия (1783.38)
  2. Франсия (1757.3)
  3. Бразилия (1742.65)
  4. Англия (1686.78)
  5. Португалия (1666.12)
  6. Испания (1648.13)
  7. Италия (1642.06)
  8. Аргентина (1641.95)
  9. Уругвай (1639.08)
  10. Дания (1631.55)

  1. Тоҷикистон (1151.1).

                                                                                                                                                        Акс аз ФФТ 

Май 27, 2021 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад