Мавсими ҳаштуми лоиҳаи «Футбол ба назди шумо меояд» қариб 20 ҳазор кӯдаконро фаро гирифт

Май 5, 2021 08:49

ДУШАНБЕ, 05.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Қисми ниҳоии лоиҳаи бузург ва машҳури футбол дар байни кӯдакон- «Футбол ба назди шумо меояд», ки ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст, анҷом ёфт. Ҳадафи лоиҳа дар вуҷуди кӯдакон парваридани муҳаббат ба футбол ва тарзи ҳаёти солим мебошад.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, мавсими ҳаштуми лигаи футболи ҳавлигии кӯдакон «Футбол ба назди шумо меояд» дар Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд ба анҷом расид. Мусобиқаи варзишӣ 8 феврал дар саросари ҷумҳурӣ оғоз шуда буд. Мавсими ҳаштуми лоиҳа дар ду марҳила дар байни кӯдакон дар се категорияи синну сол — 7, 9 ва 11-сола боло сурат гирифт.

Дар марҳилаи аввал мусобиқаҳои интихобӣ баргузор шуданд, сипас ғолибон ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфтанд ва дар он қавитаринҳо муайян карда шуданд.

2 май дар Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияи Шаҳринав бозиҳои ниҳоӣ баргузор ва маросими ҷоизасупорӣ доир гардид. Дар саросари кишвар дар ин лоиҳа 19.925 кӯдак иштирок карданд.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Рашт мавсими ҳаштуми лоиҳаи «Футбол ба назди шумо меояд» моҳи май оғоз мешавад.

Шарики лоиҳа ширкати «Tcell» аст, ки барои он дастгирии лигаи ҳавлигии футболи «Футбол ба назди шумо меояд» ҷузъи муҳим ва таркибии масъулияти иҷтимоӣ мебошад.

 

АКС аз ФФТ

Май 5, 2021 08:49

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд