Муовини Раиси шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён: Сокинони аз офати табиӣ зарардида худро танҳо эҳсос намекунанд

Май 24, 2021 11:36

ДУШАНБЕ,  24.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Оқибатҳои офати табие, ки 11 май дар шаҳри Кӯлоб ба вуқӯъ пайваста буд, бартараф карда мешаванд.

Тавре муовини Раиси шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён дар суҳбати ихтисосӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, «мардуми аз офати табиӣ зарадидаи шаҳри Кӯлоб дар рӯзҳои сахт худро танҳо эҳсос накарданд. Аз рӯзҳои нахустини рух додани офати табиӣ бо  супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ситод оид ба бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ташкил гардид, ки ба он ҳамчунин раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода  ва Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Рустам Назарзода низ шомил гардиданд. Онҳо ба шаҳри Кӯлоб омада, мавзеъҳои офатзадаро аз назар гузарониданд.

Орзу Ҳамидиён зикр кард, ки бо мақсади бартараф намудани хисороти офати табиӣ дар радифи дигар мақомоти давлатии марбута кормандони ташкилоту муассисаҳо, донишҷӯёни донишгоҳу  коллеҷҳои шаҳри Кӯлоб саҳм гузошта истодаанд. Ҳамарӯза ба   247 хона  аз ҳисоби беш аз се ҳазор нафар кормандони муассисаю ташкилот гурӯҳҳои ёрирасони корӣ иборат аз панҷ то даҳнафарӣ сафарбар карда шуда, барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ ба зарардидагон кумак мерасонанд.

Муовини Раиси шаҳри Кӯлоб афзуд, ки бо мақсади бартараф кардани оқибатҳои офатҳои табиӣ ва барқарорсозии тамоми иншоот ва инфрсохторе, ки дар натиҷаи омадани сел пурра ва қисман  зарар дидаанд, аз гӯшаю канори ҷумҳурӣ ба шаҳри Кӯлоб корвонҳои кумак мерасанд. Аввалин шуда, ба зарардидагони шаҳри Кӯлоб корвони кумакҳои башардӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  корвони ёрии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, Раиси вилояти Хатлон, инчунин аз вилоятҳои Суғду Бадахшон, минтақаи Рашт  ва дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат расиданд, ки аз маҳсулоти хӯрокӣ, сохтмонӣ ва дигар маводи зарурии рӯзгор ва маишӣ иборат буданд.

Ёдовар мешавем, ки 11 май бар асари  офати табиӣ –омадани сел дар шаҳри Кӯлоб се нафар фавтида, инчунин 33 хонаи сокинон пурра вайрон гардид, ки аз нав сохта мешаванд. Ҳамзамон қариб 300 манзили истиқоматӣ зарар дидаанд. Инчунин садҳо метр роҳҳои  мошингарди маҳаллӣ, роҳи мошингарди  маркази шаҳр, иншооти маданию маишӣ ва хизматрасонӣ ва чорвои шаҳрвандон талаф ёфтанд.  Офати табиӣ бештар ба сокинони маҳаллаҳои Хатти Роҳ, Нонвойи Поён, Корвонгузар, Ҷумъа Алӣ, Кӯҳнашаҳр, Бистсолагии Истиқлолият, қитъаҳои 3, 4, 5 ва кӯчаи Даминзода хисороти калон расонид. Инчунин зиёда аз 50 метр роҳи байналмилалии назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53 — и шаҳр канда шуда, 4 пули мошингузар пурра вайрон гардидаанд, ки дар ин шабу рӯзҳо  барқарор мегарданд.

                                           Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

                                      Душанбе-Кӯлоб-Душанбе

Май 24, 2021 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи Модар барномаи бошукуҳи фарҳангӣ доир гардид
Занон дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон саҳми назаррас доранд
«ТУҲФА БА МОДАР». Сарбозон бо дастовез ба назди модарон мераванд
РӮЗИ МОДАР — ИСФАНДОРҶАШНИ НИЁГОН. Тоҷикон аз замонҳои қадим арзишҳои фарҳангиро ҳифз намуда, аз насл ба насл интиқол додаанд
МОДАР — АВВАЛИН УСТОД. Дар аллаи ӯ як ҷаҳон меҳру муҳаббат ва орзую ормон нуҳуфтааст
«ҲИКМАТИ МОДАР». Бо иштироки зиёда аз 700 нафар фаъолзанон барномаи бошукуҳи идона доир гардид
МАНЗАЛАТИ ЗАН ДАР ТОҶИКИСТОН БАЛАНД АСТ. Андешаҳо оид ба нақши занон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷойгоҳи зан дар ҷомеа ва нақши оила дар таҳкими арзишҳои иҷтимоӣ баррасӣ гардид
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД. Дар ноҳияи Фирдавсӣ чорабинии сиёсӣ — фарҳангӣ доир гардид
«ҲИКМАТИ МОДАР». Бо мақсади арҷгузорӣ ба мақому манзалати Зан – Модар иқдоми ҷумҳуриявӣ оғоз гардид
Дар Душанбе ҳамоиши «Занону модарони тоҷик- нигини пурҷилои тоҷи миллат» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон ҳавои моҳи аввали фасли баҳор чӣ гуна мешавад?