«Нақши китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ». Таҳти ин унвон дар Ишкошим озмуни ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст шуд

Май 22, 2021 08:33

ДУШАНБЕ, 22.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Миёни хонандагони синфҳои 10-11 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Ишкошим таҳти унвони «Нақши китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ гузаронида шуд. Тибқи натиҷаҳои пешниҳоднамудаи аъзои ҳакамон Манижа Мамадносирова- хонандаи МТМУ №13, Барзу Улфатов- хонандаи МТМУ №23, Идона Рузадорова- хонандаи МТМУ №16 сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Дар  ин бора аз КИ ҲХДТ –и ноҳияи Ишкошим ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Иштирокчиёни маҳфил – озмуни ҷумҳуриявӣ аз рӯи шарт ва талаботи муқарраргардида: баромад доир ба моҳияти таърихӣ ва ватандӯстии китоби «Тоҷикон»; маҳорату истеъдоди иштирокчиён аз рӯйи нақли осор; саволҳо ба иштирокчиён аз китоби «Тоҷикон» байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Дар охир ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли маҳфил- озмун Диплом, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ишкошим супорида шуд.

Ёдовар мешавем, ки озмуни ҷумҳуриявӣ бо мақсади дастгирии ҳамаҷонибаи иқдоми беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тақдими китоби «Тоҷикон» ба ҳар оилаи мамлакат, ҳамчунин баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ гузаронида мешавад.

АКС аз КИ ҲХДТ н. Ишкошим

Май 22, 2021 08:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид
Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид
ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Имрӯз даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст мегардад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд