«ҶОНИ МАН…». Манижа дар Роттердам бо забони тоҷикӣ суруд хонд
ДУШАНБЕ, 14.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. 12 май дар Роттердам (Нидерланд) тамрини дуввум баргузор шуд ва зимни он Манижа Сангин шакли охирини суруди худ «Russian Woman» («Зани рус») -ро пешкаш кард, ки дар муқоиса бо намоиши «санҷишӣ» сабаби ваҷди бештари рӯзноманигорон ва нозирон гардид.
«Дирӯз дар шаҳри зебои Қазон як фоҷиаи азим, зӯроварӣ ва золимӣ рух дод, мо ҷонҳои ҷавонони зиёдеро талаф додем», — бо андӯҳ гуфт Манижа пас аз тамрин дар конфронси матбуотӣ ва иқрор шуд, ки «ҳатто пайдо кардани суханҳои дуруст барои тасаллии оилаҳои қурбоншудагон душвор аст. Ман ва дастаи ман шуморо дастгирӣ мекунем».
Ҳунарпешаи аз ин хабар ба ҳаяҷон омада наврасонро даъват кард, ки «мушкилоти худро дар худ нигоҳ надоранд ва онҳоро пинҳон накунанд». «Агар шумо эҳсос кунед, ки дар мактаб шуморо дастгирӣ ва дарк намекунанд, хомӯш набошед, дар ин бора суҳбат кунед — дар мактаб, дар оила. Дӯсте пайдо кунед, ки шуморо бишунавад ва кумакатон кунад. Зеро мушкилоти шумо ва худи шумо муҳим ва заруред — барои худатон, хешовандонатон ва дӯстонатон, кишваратон ва тамоми ҷаҳон».
Сароянда инчунин нисбат ба Афғонистон, ки дар он ҷо чанд рӯз пеш дар натиҷаи таркиш дар мактаб беш аз 15 духтар ҷон бохтанд, изҳори ҳамдардӣ ва дастгирии худро иброз кард. «Ин ҳама хушунат қобили қабул нест!», — бо изтироб гуфт Манижа, ки бинобар фаъолияти ҷамъиятиаш ба сифати сафири иродаи неки СММ дар умури паноҳандагон аксар вақт бо сарнавишти драмавӣ, таърихӣ ва фоҷиавии одамон сарукор дорад. Рӯзноманигорон ҳунарпешаро бо кафкӯбӣ дастгирӣ намуда, шарикӣ ва ҳамдардии худро ба қурбониёни фоҷиаҳо дар Россия ва Афғонистон изҳор карданд.
Дар ҳамин ҳол, омодагӣ ба даври ниманиҳоии мусобиқа ба марҳилаи ҳалкунанда ворид шуд. Дар тамрини дуввум шакли охирини суруди «Russian Woman» муаррифӣ шуд ва дар муқоиса бо намоиши «санҷишӣ» -и 8 май сабаби ваҷди бештари рӯзноманигорон ва нозирон гардид. Либосҳои «тиллоӣ» -и сарояндагон, дастори бошукӯҳе, ки дар сари овозхон пайдо шуд ва комилан дар шакли нави мусиқӣ (этно- фюжн) иҷро шудани суруд онро боз ҳам рангинтар ва таъсирбахштар карданд.
Рӯзноманигорон намоиши видеоии калонро, ки дар он ҳангоми иҷрои суруди «Russian Woman» 100 зан, ки сабтҳои худро аз саросари Россия фиристоданд ва ба Манижа ҳамовоз мешаванд, махсусан қадр карданд. «Суруди ман бисёрҷанба аст, вай мисли лӯхтаки чӯбин (матрешка) аст, ки ба тамоми занони Россия паём медиҳад, ки мо метавонем ҷаҳонро тағйир бидиҳем», — зикр кард овозхон дар посух ба суолҳо.
Рӯзноманигорон, ки аллакай тарҷумаи ҳоли иштирокчии Россияро хуб омӯхтанд, аз Манижа хоҳиш карданд, ки «чизе ба забони тоҷикӣ» бисарояд. Зиёд мулоҳиза накарда, ҳунарпеша бидуни мусиқӣ, дар оҳанги минор бо эҳсос ва таъсирбахш як банди суруди халқиро бо нақароти «Ҷони ман» сароид ва сазовори кафкӯбиҳои пурмавҷ гардид. Намояндаи Бунёди олами ҳайвоноти ваҳшӣ ба нишони эҳтиром ба ҳунарпеша барои дастгириаш аз фаъолияти бунёд дар либоси панда ба нишасти матбуотӣ ҳозир шуд.
Ҳангоми аз минтақаи матбуот хориҷ шудан Манижа бо ҳайати Шветсия дучор шуд ва онҳо баробари дидани ҳунарпеша, якҷоя бо шавқ ба хондани нақароти суруди «Russian Woman» шурӯъ карданд ва фаъолона мерақсиданд. Чунин ба назар мерасад, ки ин суруди машҳуртарини озмун хоҳад шуд. Дар ҷавоб сарояндаи ба ҳаяҷономада ваъда дод, ки суруди шведии «Voices» -ро аз ёд карда, хоҳад сароид ва ба сӯи шведҳои гармхун бӯсаи ҳавоӣ фиристод.
Манижа дар «Евровидение — 2021»
Озмуни сурудҳо «Евровидение-2021», ки ҳунармандони кишварҳои мухталифро гирди ҳам меорад, 18-22 май дар Ahoy Arena дар Роттердам (Нидерланд) баргузор мешавад. Дар он сарояндагон аз 41 давлат ширкат меварзанд.
Россияро дар «Евровидение — 2021» зодаи Тоҷикистон Манижа Сангин муаррифӣ мекунад. Суруди ӯ «Russiаn Woman» («Зани рус»), ки дар мавҷи Шабакаи аввал бори нахуст дар композитсия барои озмун садо дод, аз ҳама бештар овозҳои тамошобинонро соҳиб шуд.
Чанде пеш маълум шуд, ки клипи суруди Манижа «Зани рус» дар YouTube дар байни иштирокчиёни озмун аз ҳама бештар бинанда пайдо кардааст. Дар айни замон шумораи онҳо ба даҳ миллион наздик мешавад.
АКС аз манбаъҳои боз