Раҷаббой Аҳмадзода ба аҳли хонаводаи Ҷасур Сиярқулов изҳори ҳамдардӣ намуд

Май 8, 2021 10:21

ДУШАНБЕ, 08.05.2021 /АМИТ «Ховар»/.  7 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба  аҳли оилаи Ҷасур Сиярқулов – сокини ноҳияи Деваштич, ки дар даргириҳои мусаллаҳонаи рӯзи 29 апрел  дар Исфара ҳалок гардид, изҳори ҳамдардӣ намуд.

Тавре аз Хадамоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, Раҷаббой Аҳмадзода ба аҳли оилаи Ҷасур Сиярқулов аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кумакпулӣ  супорида, ба наздикони ӯ  сабри ҷамил хост.

-Миллати сарбаланди тоҷик хотираи қаҳрамонҳои хешро ҳамеша пос медорад ва давлату Ҳукумат барои арҷгузорӣ ба ҷоннисориҳои чунин диловарон тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд. Қаҳрамонии  Ҷасур Сиярқулов ва ҳамхизматонаш то абад дар саҳифаҳои таърихи миллат сабт гардида, корномаҳои чунин фарзандони шуҷову далерро ояндагон бо ифтихор ёд мекунанд, -таъкид намуд Раиси вилоят.

Ёдовар мешавем, ки аз номи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оилаи шахсони дар натиҷаи муноқишаҳои мусаллаҳонаи марзӣ фавтида ба миқдори 70 ҳазор сомонӣ, дар маҷмӯъ 700 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ супорида шуд.

Раиси вилояти Суғд  Раҷаббой Аҳмадзода зикр  кард, ки давлату Ҳукумат аҳли оилаи шахсони фавтидаро ҳеҷ гоҳ танҳо намегузорад ва ҳамеша барои дастгирии онҳо, аз ҷумла фарзандони шаҳидон чораҷӯӣ мекунад. То ба синни балоғат расидани фарзандони шахсони марҳум ба таълиму тарбияи онҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуда, пас аз хатми мактаби миёна тавассути квотаҳо барои таҳсили онҳо дар муассисаҳои олӣ мусоидат карда хоҳад шуд. Ҳамзамон барои поси хотири шаҳидон лавҳаи ёдбуд гузошта мешавад.

Май 8, 2021 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд