Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хонаводаи панҷгоникҳо маоши якмоҳа ва туҳфаҳои молию пулӣ тақдим намуданд

Май 12, 2021 16:03

ДУШАНБЕ, 12.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Иди саиди Фитр Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Озода Раҳмон ба хонаводаи панҷгоникҳо, ки  дар ноҳияи Қубодиён зиндагӣ менамоянд, маоши якмоҳаи худ ва  туҳфаҳои молӣ- ҷиҳози хонаи хоб, яхдон, кондитсионер, телевизор ва мошинаи ҷомашӯӣ барои ҷиҳозонидани хонаи истиқоматии панҷгоникҳоро, ки айни замон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Қубодиён бунёд гардида истодааст,  тақдим намуданд. Инчунин ба панҷгоникҳо маводи хӯрокворию ғизои кӯдакона ва ба волидони онҳо кумаки молиявӣ расонида шуд.

Дар ин бора аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Зикр шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар бинои истиқоматӣ барои хонаводаи панҷгоникҳо рӯзҳои наздик ба анҷом расида, панҷгоникҳо — Ҳасан, Ҳусейн, Фотима, Хадича ва Кибриё ҷашни Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконро дар хонаи нав истиқбол мегиранд.

Дар нақша аст, ки то рӯзи омодашавии хонаи нави истиқоматӣ гилему кӯрпаҳо, қандилу таҷҳизоти ошхона ва дигар ҷиҳози хонаи хоби кӯдакон дастраси оила карда шаванд.

Мавриди зикр аст, ки дастгирии ҳар нафари ниёзманди ҷомеа аз сиёсати хирадмандона ва иқдомҳои инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манша мегирад. Ин амалҳои нек баҳри расидан ба якдиливу якмаромӣ ва зиндагии шоиста равона гардидаанд.

Аксҳо аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

Май 12, 2021 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд