Россия барои татбиқи лоиҳаи баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ 900 ҳазор доллар ҷудо менамояд

Май 19, 2021 11:05

ДУШАНБЕ, 19.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи лоиҳаи Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (СУТ) оид ба «Баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ба  модарон, кӯдакони навзод ва кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид, ки онро Ҳукумати Федератсияи Россия маблағгузорӣ мекунад. Дар ин хусус Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.

Ин лоиҳа солҳои 2021-2023 амалӣ гардида, ҳадафаш баланд бардоштани сифати ёрии тиббӣ дар беморхонаҳо барои коҳиш додани фавти модарон ва кӯдакон,  суръат бахшидан ба дастовардҳои Тоҷикистон дар самти беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор дар соҳаи тандурустӣ мебошад.

Дар доираи ин ҳамоиш мутахассисони СУТ аз марказҳои ҳамкории Россия-Маркази миллии тадқиқотии акушерӣ, гинекология ва перинатологияи ба номи академик В.И.Кулаков  барои мутахассисони тоҷик якчанд тренингҳо оид ба расонидани ёрии таъҷилии тиббӣ ба модарон, навзодон ва кӯдакон баргузор менамоянд. Инчунин дар доираи Лоиҳа барои беҳтар кардани сифати хизматрасонии тиббӣ беморхонаҳо бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин мегарданд. Барои татбиқи ин лоиҳа Федератсияи Россия тақрибан 900 ҳазор доллари амрикоӣ ҷудо намудааст.

    АКС аз Вазорати  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Май 19, 2021 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд