Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ мулоқот намуд

Май 6, 2021 08:13

ДУШАНБЕ, 06.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. 4 май дар Ҷидда мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ ва Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони ҳамкории исломӣ Акрам Каримӣ бо Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ доктор Юсуф Ал-Усаймин баргузор гардид.

 Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот ба Дабири кулли Созмони мазкур дар бораи таҳаввулоти вазъ дар минтақаҳои марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон ва сабабҳои сар задани ҳодисаҳои ахир дар ин минтақа маълумоти муфассал дода шуд.

Зикр гардид, ки Тоҷикистон идомаи раванди музокиротро роҳи ягонаи ҳалли қазияи сарҳадӣ бо кишвари ҳамсоя медонад ва дар баробари ин барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва тамомияти арзии худ аз тамоми роҳҳои қонунӣ истифода хоҳад кард.

Аз ҷониби худ, Дабири кулли СҲИ аз муътадил шудани вазъ дар минтақаҳои сарҳадӣ ва идомаи раванди музокирот байни Тоҷикистон ва Қирғизистон истиқбол намуд. Юсуф Ал-Усаймин иброз дошт, ки СҲИ дар робита ба қазияҳои дуҷонибаи кишварҳои узв мавқеи бетарафӣ ихтиёр менамояд ва дар ҳолати зарурат ба раванди ҳалли мусолиматомези ихтилофҳо мусоидат мекунад.

Дар мулоқот инчунин масъалаҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистон бо СҲИ баррасӣ шуданд.

АКС аз ВКХ ҶТ

Май 6, 2021 08:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ имзо намуд