Шунавандагони маҳфили омӯзишии «Ҷавонон- пайрави Пешвои миллат» соҳиби шаҳодатнома мегарданд
ДУШАНБЕ, 07.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. 6 май дар толори Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон маросими ҷамъбасти маҳфили омӯзишии «Ҷавонон — пайрави Пешвои миллат» доир гардид.
Дар ҳамоиши мазкур Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, муовини раиси Кумита Дилноза Аҳмадзода ва шунавандагони маҳфили омӯзишии «Ҷавонон- пайрави Пешвои миллат» иштирок намуданд.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода иброз дошт, ки Кумитаи кор бо ҷавонон имкон пайдо кард, ки дар доираи грантҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкилоти ҷамъиятӣ дар соҳаи тарбияи ватанпарастии ҷавонон бо мақсади фаъолнокии сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷавонон дар ҷомеа маҳфили омӯзишии «Ҷавонон пайрави Пешвои миллат» ташкил намояд.
Ташкили маҳфили мазкур танҳо ба он хотир нест, ки иштирокчиён бо фаъолияти шахсони барӯманди ҷомеа ва ниҳоди давлативу ҷамъиятӣ бохабар шаванд, балки бо гирифтани донишҳо қувваи зеҳнӣ ва тафаккури худро мустаҳкам намоянд.
«Тавре медонем, ҷомеа ҳамеша ба як қувваи пешбар ниёз дорад. Агар имрӯз ҳаёти сиёсиву ҷамъиятиро таҳлил намоем, маълум мегардад, ки ҷомеа ниёз ба қуввае дорад, ки роҳи дурустро муайяну мушаххас кунад. Имрӯз дар саргаҳи ин қувва Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истода, тӯли 30 соли соҳибистиқлолӣ барои мардуми тоҷик дар самти эъмори ҷомеаи демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва ҳифзи арзишҳои миллӣ роҳнамо мебошанд. Маҳз ба шарофати Сарвари давлат мо тавонистем истиқлол ва озодиамонро ҳифз намоем»,- гуфт мавсуф.
Мақсад аз роҳандозии маҳфили омӯзишии «Ҷавонон- пайрави Пешвои миллат», пеш аз ҳама, омӯзиши мактаби бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба сулҳу ваҳдат, корҳои бунёдкорӣ, созандагӣ, тақвият бахшидани эҳсоси ватандӯстӣ ва баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон мебошад.
Шунавандаи маҳфили омӯзишӣ, донишҷӯи курси аввали Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шаҳзода Ашуралиева иброз медорад, ки курси омӯзишии мазкур ҷавононро дар рӯҳияи худшиносии миллӣ тарбият менамояд.
Мавсуф баргузор намудани чунин дарсҳоро идомаи татбиқи сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат арзёбӣ намуда, зикр кард, ки «Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон нигоҳи тоза доранд ва ҳамеша барои татбиқи пешниҳоду андешаҳои мо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд. Баргузор намудани чунин дарсҳо барои баланд бардоштани донишҳои сиёсии ҷавонон мусоидат хоҳад кард, зеро дар тӯли 3 моҳ мо бо донишҳои назариявӣ дар самти татбиқи сиёсати ҷавонон шинос шуда, барои амалӣ намудани онҳо талош менамоем ва дар рушду нумӯи Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳм мегузорем.
Маҳфили омӯзишии «Ҷавонон — пайрави Пешвои миллат» тӯли 3 моҳ идома ёфта, мутахассисони варзидаи мамлакат, роҳбарони вазорату идораҳо, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва олимону донишмандон оид ба паҳлӯҳои мухталифи давлатдорӣ ва таърихи соҳибдавлатӣ, хусусияти хоси фарҳанги миллати тоҷик ба ҷавонон дарс медиҳанд.
Дар маҳфили мазкур 30 нафар ҷавонони фаъолу ташаббускор аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ ҷамъ омада, пас аз хатми курс онҳо соҳиби шаҳодатномаи Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат»-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегарданд.
Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»








Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд






