Сироҷиддин Муҳириддин бо Анн Линде масъалаҳои марбут ба вазъ дар минтақаи сарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистонро баррасӣ намуданд

Май 1, 2021 15:01

ДУШАНБЕ, 01.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 1 май  мулоқоти маҷозии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Шветсия — Раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) хонум Анн Линде баргузор гардид. Дар суҳбат масъалаҳои марбут ба вазъ дар минтақаи сарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон баррасӣ шуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

С.Муҳриддин дар бораи даргириҳои охир дар марз бо Қирғизистон иттилоъ дода, доир ба натиҷаи музокироти ду кишвар дар ҳама сатҳҳо бобати ба эътидол овардани вазъ дар сарҳад, аз ҷумла тавофуқот дар мавриди эълони оташбас ва омодагии ҷонибҳо барои ҳалли вазъияти бавуҷудомада аз тариқи гуфтушунид ва бо истифода аз василаҳои сиёсию дипломатӣ маълумот дод.

Зимнан таъкид гардид, ки роҳбарони ду давлат зимни суҳбати телефонӣ ба мувофиқа расиданд, ки тамоми масъалаҳои муносибатҳои Тоҷикистон ва  Қирғизистон бояд аз роҳи муколамаи дуҷониба дар фазои ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ва аз тариқи музокироту машварат ҳаллу фасл шаванд.

А.Линде аз тавофуқоти тарафайн роҷеъ ба оташбас ва имзои Протокол оид ба ҳалли низои мусаллаҳона дар қитъаҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон истиқбол намуда, ба риояи уҳдадориҳои дар чаҳорчӯби САҲА гирифташуда, тавассути саъй ва музокироти давомдор барои коҳиш додани шиддати вазъ ташвиқ намуд. Зимнан Раиси амалкунандаи САҲА кумаки ҳамаҷонибаи Созмонро барои мусоидат ба ҳалли мусолиматомези ҳолати бавуҷудомада пешниҳод кард.

АКСҲО аз ВКХ ҶТ

Май 1, 2021 15:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид