Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ба аҳолии деҳаи Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара кумак расониданд
ДУШАНБЕ, 12.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. 11 май дар пайравӣ ба иқдомҳои шоистаи хайрхоҳонаву инсондӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкорон ва сокинони ноҳияи Мастчоҳ ба аҳолии деҳаи Хоҷаи Аълои Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара, ки дар натиҷаи ҳодисаҳои маълуми рӯзҳои охир дар сарҳади байни Тоҷикистон ва Қирғистон зарар диданд, кумак расониданд.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, кумаки мазкур аз 7 мошин иборат буда, намояндагони ноҳияи Мастчоҳ бо роҳбарии муовини Раиси ноҳия Шавкат Солеҳиён зимни тақдими кумакҳо ба сокинони деҳаи Хоҷаи Аъло изҳор намуданд, ки дар ин рӯзҳо ҳамеша дар паҳлӯи сокинони шаҳру деҳоти Исфара, аз ҷумла деҳаву маҳаллаҳои наздисарҳадии он ҳастанд.
-Дар ин рӯзҳо дар канори мардуми деҳаҳои наздисарҳадии шаҳри Исфара, махсусан мардуми ғаюри маҳаллаҳои Хоҷаи Аълои деҳоти Чоркӯҳ будан барои мо, сокинони ноҳияи Мастчоҳ шарафу ифтихори бузург аст, — гуфт муовини Раиси ноҳия Шавкат Солеҳиён.
Ёдовар мешавем, ки бо иқдоми роҳбарият ва сокинони ноҳияи Мастчоҳ барои оилаҳои осебдидаи деҳаи Хоҷаи Аълои Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла зиёда аз 20 ҳазор дона хишти пухта, 15 тонна семент, 2200 дона хишти сементӣ, 8 куб тахта, 160 дона шифер, 75 кг мех, 20 дона сатил, 250 кг орд, 100 кг макарон, 100 кг биринҷ, 50 кг равған, 20 дона курпача, 5 дона қолину рахти хоб ва дигар маводи зарурии рўзгор дастрас карда шуд.
АКС: аз манбаъҳои боз








Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд






