Театри мазҳака-мусиқии ба номи С.Вализодаи Кӯлоб бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Муъминобод консерт доир намуд

Май 27, 2021 15:12

ДУШАНБЕ, 27.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар деҳаи Якачинори Ҷамоати деҳоти Боғгаии ноҳияи Муъминобод тибқи нақшаи дуҷонибаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи мазкур  ва Театри мазҳака-мусиқии ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб  барномаи маърифатию фарҳангӣ доир гардид.

Тавре мудири бахши рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Муъминобод  Бахтовари Диловар ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, гурӯҳи таблиғотӣ ва фарҳангӣ нахуст бо сокинони деҳоти мазкур  ҷиҳати тақвияти корҳо дар самти тарбияи ҷавонону наврасон дар рӯҳияи худшиносию ватандӯстӣ, худогоҳии миллӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои олии инсонӣ, идомаи анъанаҳои неки бунёдкориву созандагӣ ва  таҷлили сазовори ҷашни  миллӣ-30-солагии Истиқлоли  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии судманд баргузор намуд.

Аъзои гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод зимни суханрониҳо, аз ҷумла таъкид  карданд, ки  соли  равон  барои мардуми Тоҷикистон соли одӣ не, соли махсус, яъне ҷашни бузурги сисолагии истиқлоли давлатӣ мебошад. Бо мақсади истиқболи сазовори ин санаи муқаддаси таърихӣ бо қарори Ҳукумати мамлакат нақшаи чорабиниҳои ободониву созандагӣ қабул гардидааст.

-Ҳар яки мо  вазифадорем, ки дар  иҷрои саривақтӣ ва босифати чорабиниҳои тибқи нақша пешбинишуда саҳм гузошта, корро аз ободу зебо ва сабзкори кардани  манзили хеш оғоз намоем, -иброз  доштанд онҳо.

Пас аз вохӯрӣ қисмати фарҳангии барнома оғоз гардида, санъаткорони Театри мазҳака-мусиқии ба номи Сайдалӣ вализодаи шаҳри Кӯлоб  бо барномаи  рангин хотири ҳозиринро шод гардониданд.

Май 27, 2021 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар боғчаи бачагонаи «Кайҳон»-и шаҳри Конибодом атраксионҳои нав ба истифода дода шуданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди иншооти муосир симои шаҳри Ваҳдат ба куллӣ дигаргун гардидааст
Дар болои Сирдарё пули нави иловагии мошингард сохта мешавад
Сокинони деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокии босифат таъмин гаштанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад