Вазири маориф ва илми Тоҷикистон ва мудири Дафтари минтақавии ЮНЕСКО масоили марбут ба соҳаи маорифро баррасӣ намуданд

Май 18, 2021 09:32

 ДУШАНБЕ, 18.05.2021. /АМИТ Ховар/.  Дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкории бисёрҷониба бо созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавқеи махсус дорад. Яке аз ташкилоте, ки фаъолияташро ба соҳаи маориф ва илм равона кардаст, муассисаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) мебошад.

Ин нукта 17 май зимни мулоқоти Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода бо мудири Дафтари минтақавии ЮНЕСКО Криста Пиккат баён гардид.

Тавре аз Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, дар мулоқот зикр шуд, ки пешбурди масъалаҳои вобаста ба маориф яке аз самтҳои афзалиятноки шуъбаи Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО ба ҳисоб рафта, якчанд барномаву лоиҳаҳо анҷом дода шудаанд.

Ҳамасола дар доираи ҳамкорӣ аз ҷониби ЮНЕСКО дар дохил ва хориҷи мамлакат конфронсу семинар ва дигар барномаҳо доир шуда, ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои мазкур намояндагони вазорат ва зерсохторҳои он даъват мегарданд.

Ҳамзамон аз ҷониби ЮНЕСКО пешниҳод гардид, ки бо мақсади боз ҳам густариш додани ҳамкорӣ дар самти маориф ва илм ва татбиқи ҳадафи 4-уми Рушди устувор бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шавад.

 

 

АКСҲО аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон

Май 18, 2021 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд