Яке аз кӯчаҳои деҳаи Понғози ноҳияи Ашт ба номи устод Баҳриддин Камолиддинов номгузорӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 31.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Кӯчаи марказии деҳаи Понғози ноҳияи Ашт, аз даромадгоҳи деҳа то маҳаллаи Бобои Бурак ба номи устоди зиндаёд, забоншиноси маъруфи тоҷик Баҳриддин Камолиддинов номгузорӣ карда шуд.
Дар ин бора яке аз хешовандони устод Нишонбой Мадумариён дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» хабар додааст. Номбурда ҳамчунин иттилоъ додааст, ки дар маросими пардабардорӣ аз лавҳаи ёдгорӣ раиси ҷамоат, шогирдон ва пайвандони шодравон Баҳриддин Камолиддинов иштирок намуданд.
Дар ин рӯзи хотирмон пайвандону шогирдон ва аҳли илму адаб дар ҳавлии устод дар деҳаи Понғоз ҷамъ омада, хотираҳои неки худро аз ҳаёт ва фаъолияти ин донишманди тавоно баён намуда, ёди ӯро гиромӣ доштанд.
МАЪЛУМОТНОМАИ АМИТ «ХОВАР»:
Корманди шоистаи Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ Баҳриддин Камолиддинов 5 октябри соли 1935 дар деҳаи Понғози ноҳияи Ашти вилояти Суғд ба дунё омадааст. Номбурда соли 1959 факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) –ро бо дипломи сурх хатм намуда, ба ҳайси ассистенти кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи мазкур ба фаъолият оғоз намудааст. Ӯ соли 1966 рисолаи номзадӣ ва соли 1988 рисолаи докторӣ дифоъ намуда, соли 1991 соҳиби унвони илмии профессор гардидааст.
Мавсуф солҳои зиёде дар вазифаҳои ҷонишини таълимии декани факултаи филология ва шарқшиносӣ, мудири кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ, муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият кардааст.
Номбурда аз соли 1994 то соли 2011 вазифаи мудири кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт.
Устод Б.Камолиддинов то вопасин лаҳзаи ҳаёт ба тарбияи шогирдон машғул буд. Ӯ давоми фаъолияти илмию омӯзгорӣ зиёда аз 150 мақолаи илмию методӣ интишор намуда, беш аз 50 номгӯй асарҳои илмӣ, китобҳои дарсӣ ва васоити таълимиро таҳрир кардааст.
Баҳриддин Камолиддинов яке аз муаллифон ва муҳаррирони «Грамматикаи забони ҳозираи тоҷик» (грамматикаи илмии академиявӣ, 1985-1992) мебошад.
Мавсуф давоми солҳои 1998-2011 ба ҳайси узви шӯроҳои дифои рисолаҳои номзадӣ ва доктории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон, Инситути илмҳои педагогӣ дар тайёр кардани мутахассисони ҷавон хизмати шоиста намудааст. Номбурда ба ҳайси узви Комиссияи татбиқи Қонуни забони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати кории ислоҳоти имлои забони тоҷикӣ (солҳои 1994-1998 ва 2010) хидмат кардааст.
Баҳриддин Камолиддинов ба ҳайси сардори гурӯҳи ҳамоҳангсози фанни забони тоҷикии Шӯрои миллии таҳсилоти Вазорати маорифи Тоҷикистон дар таълифи барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсии забони тоҷикӣ барои хонандагон (тоҷику ғайритоҷикзабон)-и мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва олӣ низ ба муаллифони китобҳои дарсӣ ба сифати мушовир, муқарриз ё муҳаррир ёрдам кардааст. Таҳти роҳбарии Баҳриддин Камолиддинов 20 нафар рисолаи номзадӣ ва 4 нафар рисолаи докторӣ дифоъ намудаанд.
Нахустин рисолаҳои илмии Баҳриддин Камолиддинов бо унвонҳои «Ҳаким Карим», «Забон ва услуби Ҳаким Карим» солҳои шастуми садаи гузашта ба табъ расидаанд. Солҳои минбаъда рисолаҳои илмии ӯ, китобҳои дарсию дастурҳои таълимии «Услубшиносӣ» (Д.,1973), ки ба забони дарӣ дар Афғонистон ду маротиба чоп шудааст, ду маҷмӯи машқҳо доир ба наҳви забони тоҷикӣ (ҳаммуаллиф, 1978, 1982) «Муродифоти синтаксисӣ ва ҳусни баён» (1986), «Ҳусни баён» (1989), «Хусусиятҳои услубии сарфу наҳви забони тоҷикӣ» (1992), «Услубшиносӣ» (ҳаммуаллиф, китоби дарсӣ барои хонандагони макотиби миёна, 1995), «Сухан аз баҳри дигарон гӯянд» (2001), «Масъалаҳои баҳсноки наҳви забони тоҷикӣ» (2003), «Сухандонон сухан санҷида гӯянд» (2005), «Меъёрҳои забонҳои адабӣ ва забони матбуот» (2007), «Сухан гуфтию дур суфтӣ, ё рӯ ба рӯи микрофон» (2007), «Забони тоҷикӣ» (Китоби дарси барои хонандагони синфи 11 (2007), «Наҳви забони тоҷикӣ» (китоби дарсӣ барои донишҷӯёни факултаҳои филология, журналистика ва забонҳои Шарқ, 2010), «Синтаксическая синонимия в современном таджикском литературном языка» (2010), «Чанд мушкили гузоштан ё нагузоштани вергул»(2013) ба нашр расидаанд.
Инчунин бо ҳаммуаллифӣ бо олимони дигар дастури ёрирасони таълимии ӯ «Тарҷума ва балоғати сухан» (иборат аз ду ҷилд, 2004 ва 2005) ба табъ расидаанд.
Баҳриддин Камолиддинов 13 майи соли 2020 дар синни 84-солагӣ дар манзили зисташ, дар шаҳри Душанбе пас аз як рӯзи марги духтараш Гулнора Камолиддинова даргузашт. Ҷасади ӯро дар оромгоҳи «Сариосиё»-и Душанбе дар канори ҳамсараш ба хок супурданд.
Аксҳо аз саҳифаи «Фейсбук»-и Нишонбой Мадумариён









Дар Душанбе ҷаласаи хотимавии «Муколамаи занони Осиёи Марказӣ» баргузор мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Истироҳатгоҳи «Санги сипар» дар Панҷакент барқарор карда мешавад
Дар Суди Олӣ оид ба нақши Конститутсия дар таҳкими давлати демократию ҳуқуқбунёд конференсия баргузор шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия бо иштироки судяҳо конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«КОНСТИТУТСИЯ- ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТИ ОБОДИ МО». Таҳти ин унвон дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳамоиш доир гардид
Ҳаракати навбатии пиряхи Деҳдал мушоҳида гардид
Дар Академияи миллии илмҳо бахшида ба 31-солагии Конститутсия конференсияи илмию амалӣ баргузор шуд
Музаффар Ашуриён: «Конститутсияи Тоҷикистон санади тақдирсоз ва муайянкунандаи сарнавишти халқу миллати мо мебошад»
Дар пойтахт Симпозиуми байналмилалии «Саҳми Абӯалӣ ибни Сино дар рушди илм, фалсафа ва тамаддуни ҷаҳонӣ» идома дорад
Доир ба нақши Конститутсия дар рушди давлатдории миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Моҳи ноябр Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Ҳуҷраи кории аввалин президенти Академияи фанҳои Тоҷикистон Садриддин Айнӣ навсозӣ гардид






