«ИН БАДБАХТӢ ФОҶЕАИ НА ТАНҲО МОДАРОНИ АФҒОН, БАЛКИ ТАМОМИ МОДАРОНИ РӮИ ОЛАМ АСТ!». Тасаллиномаи занону бонувони Тоҷикистон ба модарони афғон

Май 11, 2021 10:01

ДУШАНБЕ, 11.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. «Бо оҳи ҷонсӯз ва дили ҳазин имрӯз ғамшарики модарони афғон ҳастем, ки ҷигарбандонашон зимни амалҳои ваҳшиёнаи гурӯҳҳои террористӣ ҷони ҷавони худро ба ҷонофарин супориданд. Ин кулфат, ин ҳасрат, ин бадбахтӣ фоҷеаи на фақат модарони афғон, балки тамоми модарони рӯи олам аст».

Ин пораест аз тасаллиномаи  модарони тоҷик, ки Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон онро ба АМИТ «Ховар» ирсол намудааст.

Дар зер матни мукаммали он манзур мешавад.

«Боз як даҳшати ҷонсӯзу дилхарош, амали ноҷавонмардонаи гурӯҳи иғвогар, ки фазои орому осударо халалдор намуд, хотири модарони тоҷикро мушавваш гардонид. Хабари тарконидани мактаби духтаронаи шаҳри Кобули Афғонистон ва марги донишандӯзони он, ки 55 нафар духтарони ташнаи илму маърифат буданд, модарони тоҷикро ошуфта гардонид. Бо оҳи ҷонсӯз имрӯз ғамшарики модарони афғон ҳастем, ки ҷигарбандонашон зимни амалҳои ваҳшиёнаи гурӯҳҳои террористӣ ҷони ҷавони худро ба ҷонофарин супориданд. Бехабар аз дунёи фонии иғвогароёна онҳо машғули донишомӯзӣ ба хотири созмон додани ояндаи дурахшони худ буданд. Вале ҳайҳот, носипосони даҳр, хоинони давлату миллат нақшаҳои мусаллаҳонаи худро амалӣ намуда, ҳаёти осоиштаи оилаҳоро халалдор намуданд. Модарони тоҷик ин амали ноҷавонмардонаю беадолатонаи гурӯҳҳои террористӣ, саркардагони ин фоҷеаи даҳшатборро сахт маҳкум намуда, ҳамдардӣ ва  таслияти худро ба модарони ғамзадаи афғон изҳор медоранд.

Рӯҳи рафтагон шоду манзили охираташон обод бошад. Ин кулфат, ин ҳасрат, ин бадбахтӣ на фақат фоҷеаи модарони афғон, балки тамоми модарони рӯи олам аст.

***

Ҳамчунин донишҷӯдухтарони Муассисаи давлатии Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят»-и назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба занону бонувони кишвари ба мо дӯсту ҳамсоя- Афғонистон чунин изҳори таслият  намудаанд:

 «Вобаста ба ҳамлаи хунине, ки  8 май дар мактаби духтаронаи «Саид-ул-шуҳадо»-и Кобул сурат гирифт, ба модарони афғон  изҳори таслият ва ҳамдардӣ мекунем. Мо, ҷавонон ҳамеша бар зидди чунин амалҳои террористӣ мубориза мебарем ва чунин амалҳоро маҳкум месозем. Зеро дар ин фоҷеаи хунин аслан кӯдакону наврасоне мавриди ҳамла қарор гирифтанд, ки ташнаи илму дониш ва маърифат буданд. Баръакс, гурӯҳҳои террористӣ муқобили сулҳу субот ва донишомӯзӣ буда, ҳамеша барои ноором сохтани вазъи ҷомеа даст ба амалҳои  хунини маргбор мезананд. Тасаввур нокарданист, вақте аз дари хонаи беш аз 55 модар тобути фарзанд ворид мешавад ва ин кӯдакони наврасу ҷавон орзуҳояшонро бо худ ба хок мебаранд. Шояд баъзеи ин кӯдакони зери ҳамла қароргирифта  бо лутакҳои кӯдакона бозӣ мекарданду  бархеи дигар орзу доштанд калон шуда, ба кишварашон, ба модаронашон озодӣ биёранд. Аммо орзуҳояшонро бо худ ба хоки абадӣ бурданд.

Ногуфта намонад, ки ҳеҷ гоҳ шахси бад ба мақсад намерасад ва мо ҳама вақт зидди терроризму амалҳои террористӣ мубориза мебарем. Бори дигар ба ҳар модаре, ки фарзандашро аз даст додааст, таслияти худро баён медорем.

ДАР АКС: духтарон дар мактаб машғули донишомӯзӣ ва аз андешаҳои нопоки террористон бехабар буданд…

 

ДАР АКС: пас аз таркиш аз наврасони бегуноҳ китобу дафтари чошу парешашон нишон монд…

Ин ҳодисаи мудҳиш ҷавонони моро водор месозад, ки боз ҳам қавитару боиродатар ва ҳушёру зирак бошанд.

Мо, ҷавонони тоҷики даврони истиқлол ҳамеша дар  атрофии  Пешвои муаззами миллат сарҷамъу муттаҳид  буда, аз мактаби сулҳпарваронаи Сарвари давлатамон  сабақ мегирем, зеро тақдири имрӯзу ояндаи миллат дар дасти ҷавонон аст».

***

Мавриди зикр аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар назди мактаби духтарона дар Кобул барқияи таслият ирсол намуданд.

Дар барқия гуфта мешавад, ки хабари ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани теъдоди зиёди мардуми осоишта бо шумули духтарони наврас  боиси «андӯҳи амиқ ва нафрати беандоза»-и Президенти Тоҷикистон гардид.

«Чунин амали хушунатомези золимона ва маргбор, ки неруҳои аҳриманӣ дар рӯзҳои охири моҳи шарифи Рамазон ба он даст задаанд, нобахшиданист», — изҳор доштанд Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон.

Тоҷикистон ҳама гуна зуҳуроти терроризму ифротгароиро қатъиян маҳкум намуда, боз ҳам зарурати бетаъхири тақвияти муборизаи беамонро бо ин хатарҳои глобалии даврони муосир таъкид менамояд.

Инчунин Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таслият ва ҳамдардии мардуми Тоҷикистонро ба наздикону пайвандони қурбоншудагон, ҳамчунин ба тамоми мардуми Афғонистон изҳор намуданд.

Ёдовар мешавем, ки 8 май дар ғарби Кобул дар назди мактаби духтарона таркишҳо рух доданд, ки дар натиҷа беш аз 55 нафар ҳалок ва 150 нафар маҷрӯҳ шуданд.

                                                           АКС аз манбаъҳои  боз

Май 11, 2021 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба афзалияти татбиқи манфиатҳои муҳими Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Хатлон қариб 2 тонна маводи тиббӣ ва дорувории муҳлати истифодааш гузашта нобуд карда шуд
Оид ба нақши муассисаҳои илмӣ ва олии таълимӣ дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар ноҳияи Мастчоҳ гурӯҳи ҷавонони синни даъватӣ даври омӯзишии ронандагиро хатм намуданд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
«ҲУНАРМАНДИ СОЛ-2025». Дар Душанбе озмуни ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе беш аз 40 далели аз меъёри муқарраргардида гарон ба фурӯш гузоштани маҳсулоти гӯштӣ ошкор карда шуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Финляндия дар самти таҳкими ниҳоди миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
«Барномаи давлатии рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025» баррасӣ гардид
Муколамаи навбатии занони Осиёи Марказӣ дар Узбекистон баргузор мегардад
Дар Душанбе таҳти унвони «Занон, сулҳ ва амният» форум баргузор шуд
МУКОЛАМАИ ЗАНОНИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Дар доираи он таҳти унвони «Занон, сулҳ ва амният» форум баргузор мегардад