Зиракиву ҳушёриро аз даст надиҳед! Дар Суғд бахшида ба Рӯзи ҷавонон мулоқоти судманд гузаронида шуд

Май 20, 2021 14:19

ДУШАНБЕ, 20.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамасола 23 май дар мамлакат таҷлил мешавад, дар толори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд вохӯрии сардори Раёсати мазкур, генерал-майори милитсия Абдулло Навҷувонов бо ҷавонони фаъоли вилоят ва муҳассилини мактабҳои олӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Зимни мулоқот ба роҳбарони муассисаҳои олӣ ва якчанд  ташкилоту муассисаҳо барои ҳамкории судманд бо мақомоти корҳои дохилӣ Сипоснома тақдим карда шуд. Ҳамзамон аз тарафи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят ба кормандони шуъбаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони Раёсати ВКД дар вилояти Суғд низ Сипоснома тақдим гардид.

Абдулло Навҷувонов иброз дошт, ки имрӯзҳо аз ҷониби давлату Ҳукумат, хосатан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳсилу фаъолияти ҷавонон шароити муосир пурра фароҳам оварда шудааст. Ҷавонони даврони соҳибистиқлолии мамлакат дар пешбурди соҳаҳои мухталифи ҳоҷагии халқ нақши бориз дошта, саҳми эшон дар рушду нумӯи кишвар назаррас аст.

Имрӯзҳо вобаста ба вазъияти кунунии ҷаҳони муосир бояд ҷавонон зиракиву ҳушёриро аз даст надода, ҷиҳати пешгирӣ аз ҳар гуна хатарҳои экстремистиву террористӣ фаъолнокӣ нишон диҳанд. Дар ин раванд бояд корҳои тарғиботӣ вобаста ба пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ дар ҷомеа пурзӯр карда шаванд.

Дар ҳамоиш сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода ва ректорони панҷ муассисаи олии минтақа иштирок доштанд. Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш баён дошт, ки баргузории чорабиниҳои мухталиф дар доираи моҳвораи ҷавонӣ бори дигар собит месозад, ки дастгирии давлату ҳукумат ба ин қишри ҷомеа басо назаррас аст. Ҷавобан ба чунин ғамхорӣ ҷавононро зарур аст, ки аз худ фаъолнокӣ нишон дода, дар пешрафти кишвар саҳм гузоранд.

Ҷавонони фаъол изҳор доштанд, ки тамоми неруи зеҳниву ҷисмонии хешро минбаъд низ барои шукуфоии Ватан сафарбар менамоянд.

АКСҲО аз РВКД Суғд

Май 20, 2021 14:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд