Ба сардорони 6 оилаи аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Иттифоқи ноҳияи Вахш калиди хонаҳои навашон супорида шуд

Июнь 29, 2021 09:39

ДУШАНБЕ, 29.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. 27 июн ба сардорони 6 оилаи деҳаи Иттифоқи  деҳоти «20-солагии Истиқлоли Тоҷикистон»  ноҳияи Вахш, ки сохтмони манзили истиқоматии онҳо  ба анҷом расиданд, калиди хонаҳои навашон тақдим карда шуд. Хонаҳои бунёдгардида  3 ва 4 ҳуҷрагӣ буда, бо тамоми шароити буду боши зиндагӣ таъмин мебошанд. Дар ин мавзеъ то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон  шаҳрчаи нави замонавӣ бунёд мегардад.Бо дастури Пешвои миллат дар ин деҳа, ки беш аз 400 хоҷагӣ дорад, давоми 6 моҳи оянда мактаб ва бунгоҳи тиббӣ низ бунёд хоҳад ёфт.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, дар маросими мазкур  муовини раиси вилояти Хатлон Акрам Сулаймонзода ва муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон,  полковник Сулаймон Исозода, инчунин  роҳбарияти ноҳияи Вахш иштирок доштанд.

Ёдовар мешавем, ки 11 майи соли 2021 дар деҳаи Иттифоқи ноҳияи Вахш дар натиҷаи боришоти борони зиёд, омадани сел 41 хонаи истиқоматии шаҳрвандон пурра хароб шуда буд.

Мавриди зикр аст, ки бо мақсади бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва навсозии хонаҳои истиқоматӣ, аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ғамхориҳо зоҳир гардида, ҷараёни корҳои бунёдкориву ободонӣ зери таваҷҷуҳи бевоситаи Сарвари давлат қарор доранд.

Июнь 29, 2021 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд