Ба сокинони шаҳри Кӯлоб 33 ҳазору 400 дона шоҳасари Бобоҷон Ғафуров — китоби «Тоҷикон» тақдим гардид
ДУШАНБЕ, 21.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз туҳфаи гаронарзиш аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони шаҳри Кӯлоб тақдим гардид. Дар ин бора муовини Раиси шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, ба сокинони шаҳри Кӯлоб 33 ҳазору 400 дона китоб тақдим гардид, ки аз субҳи барвақт китобҳои мазкур бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба ҷамоатҳои шаҳр ирсол гардида истодаанд.
Мавсуф зикр намуд, ки китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ба ҳар фарди худогоҳи мамлакат ғизои маънавӣ бахшида, шинохти ӯро дар таърихи гузаштаи пурифтихори миллаташ бештар менамояд.
Ёдовар мешавем, ки дар асоси супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров – китоби «Тоҷикон» чоп гардида, то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ аз номи Сарвари давлат ба ҳар оилаи мамлакат тақдим карда мешавад.










Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Моҳи апрел даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд






