Бо ташаббуси муштараки Тоҷикистон ва Сингапур Нишасти минтақавӣ оид ба омодагӣ ба бознигарии миёнамуддати Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» доир шуд

Июнь 26, 2021 11:01

ДУШАНБЕ, 26.06.2021 /АМИТ«Ховар»/. Дирӯз Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар Нишасти минтақавӣ оид ба омодагӣ ба бознигарии миёнамуддати Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки бо ташаббуси муштараки Тоҷикистону Сингапур доир гардид, иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Вазири корҳои хориҷӣ дар суханронии худ роҷеъ ба мушкилиҳои умдаи аҳолии сайёра ҷиҳати дастрасӣ ба обу беҳдошт ва аҳаммияти Даҳсолаи об барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ ба ҳаллу фасли масъалаҳои зикрёфта таъкид кард.

С. Муҳриддин инчунин омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати саҳмгузорӣ дар раванди татбиқи ҳадафҳои марбут ба оби Рӯзномаи-2030 оид ба рушди устувор, тавассути платформаи “Раванди Душанбе оид ба масоили об Душанбе” изҳор дошт.

Нишасти минтақавӣ дар доираи Ҳафтаи байналмилалии Сингапур оид ба масъалаҳои об доир шуда, дар он миёни ҷонибҳои манфиатдори минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором ҷиҳати натиҷагирии талошҳо ва табодули таҷрибаи пешқадам дар самти татбиқи ҲРУ 6 ва Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” мубодилаи афкор сурат гирифт.

Аксҳо аз ВКХ ҶТ

Июнь 26, 2021 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди байналмилалии алоқа дар соҳаи технологияҳои рақамӣ густариш меёбад
Иҷлосияи шастуми Комиссияи СММ оид ба аҳолӣ ва рушд таҳти раёсати Тоҷикистон мегузарад
Дастовардҳои Тоҷикистон дар рушди сайёҳии экологӣ дар Боку муаррифӣ гардид
Тоҷикистон ҳамоҳангсози Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ интихоб гардид
Сафири Тоҷикистон бо намояндагони ширкати нассоҷии швейтсарии Rieter AG мулоқот намуд
Сафари расмии Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид
Дар Душанбе мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Гурҷистон доир гардид
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Гурҷистон
Музокироти расмии Тоҷикистону Гурҷистон баргузор шуд
Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе дар пояи муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт
Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Идибек Қаландар бо намояндаи махсуси Раиси САҲА оид ба пешбурди муколама ва таҳкими эътимод мулоқот намуд