COVID-19. Дар Тоҷикистон 21 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуд

Июнь 25, 2021 19:25

ДУШАНБЕ, 25.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Давоми шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 21 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуд. Ҳамчунин 14 нафар пас аз муоилиҷа солим гардонида шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз, 25 июн дар кишвар 13392 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 13243 нафар (98,9%) шифо ёфтаанд ва бар асари бемории мазкур 90 нафар фавтидаанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.

Июнь 25, 2021 19:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Тоҷикон» ҳоло китоби рӯйимизии ҳар як фарди соҳибмаърифат ва бонангу номуси миллати тоҷик мебошад»
Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷоизаи давлатии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таъсис дода мешавад
Академик Бобоҷон Ғафуров ҳамчун муҳаққиқи барҷаста ва ташаббускори илм дар рушди ховаршиносӣ саҳми бузург гузошт
Дар ташаккули шахсияти академик Бобоҷон Ғафуров модари ӯ -шоираи номдор Розияи Озод нақши ҳалкунанда бозид
Пешвои миллат: «Бо вуҷуди корҳои ҳизбиву давлатӣ Бобоҷон Ғафуров таҳқиқи таърихи халқи тоҷикро содиқона идома медод»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз Бобоҷон Ғафуров пас аз устод Садриддин Айнӣ ба таҳқиқи мукаммали таъриху тамаддуни тоҷикон иқдом намудааст»
Имрӯз дар Душанбе ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров Симпозиуми байналмилалии илмӣ доир мешавад
Сарвари давлат: «Имрӯз мо шоҳиди уҳдадории дастаҷамъонаи бонкҳои байналмилалии рушд ҷиҳати суръатбахшӣ ба маблағгузории соҳаи обу иқлим гаштем»
Президенти Тоҷикистон: «Обанборҳои Тоҷикистон барои таъмини мунтазами давлатҳои минтақа бо оби корезӣ хизмат менамоянд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Тоҷикистон соҳаи энергетикаро яке аз авлавияти стратегии худ медонад»
Конфронси Созмони Милали Муттаҳид соли 2025 дар шаҳри Душанбе барои ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи байналмилалӣ заминаи муҳим фароҳам месозад
МО ВА ТАЪРИХИ МО. Давлати Сомониён чун намунаи ниҳоят назарраси давлатдории тоҷикон дар Осиёи Марказӣ шинохта шудааст